Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ба зимистонгузаронӣ омода мебошад

Октябрь 13, 2025 13:44

РАШТ, 13.10.2025 /АМИТ«Ховар»/. Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» дар 8 муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва минтақаҳои Ҳоиту Лахш 3940 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 12 тонна ангишт, 38 метри мукаааб ҳезум ва зиёда аз 24 ҳазору 500 литр сӯзишвории дизелӣ захира намудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Рашт иттилоъ доданд.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт мувофиқи нақшаи тасдиқшуда бояд 4020 метри мукааб маводи зиддилағжиш, 22 тонна ангишт, 38 метри мукааб ҳезум ва 25 ҳазор литр сӯзишвории дизелӣ захира намояд. Дар ин давра бақияи маводи зиддилағжиш аз аввали мавсим дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт 851 метри мукааб боқӣ мондааст.

Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Рашт дар тавозуни худ 940,296 км роҳро ба уҳда дорад, ки аз он 306,61 км роҳҳои байналмилалӣ, 177,7 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 455,98 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли равон барои ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингард аз тарафи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои водии Рашт ва соҳибкорону сокинон зиёда аз 56,1 км роҳҳо таъмири асосӣ ва ҷорӣ гардидаанд. Барои зимистонгузаронӣ 50 техникаю механизмҳои роҳдорӣ: 11 боркунаки фронталӣ, 7 булдозер, 8 мошини худфарор, 2 мошини қумпошак, 3 экскаватор, 3 мошини сабукрав, 2 барфтозакунак, 1 грейдер, 1 пикап ва 1 мошини манипулятор омода мебошанд.

Дар шоҳроҳи байналмилалии Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ва Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мавзеъҳои хавфноки бисёре мавҷуданд, ки ҳангоми боридани барфу борон сангу ярч фаромада, ҳаракати нақлиёт манъ мегардад. Дар фасли баҳор, тирамоҳу зимистон роҳи Лаби ҷар-Сангвор-Дарвоз мушкилгузар буда, дар он хатари лағжиши тарма ва омадани селу резиши сангпораҳо бештар дида мешавад. Кормандони муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияҳои минтақаи Рашт дар мавзеъҳои хавфноки роҳҳои ин минтақа то имрӯз зиёда аз 20 ҳолати чунин офатҳоро бартараф намудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 13, 2025 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд