Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 то 9 октябр доир гардид.
Дар мусобиқаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён аз Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш ва Ироқ дар ду намуд — камонварии классикӣ ва камонварии муосир рақобат намуданд.
Баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ дар вилояти Суғд боиси болоравии сатҳи маҳорати варзишгарони тоҷик ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мегардад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






