Намояндаи Тоҷикистон дар Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ иштирок намуд

Октябрь 13, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 октябр дар шаҳри Женева Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева Шараф Шерализода дар бахши сатҳи баланди Форум оид ба сиёсати бетарафӣ, зеҳни сунъӣ (AI) ва ояндаи рақамӣ: амният, инноватсия ва идоракунӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шараф Шерализода оид ба ташаббусҳои байналмилалӣ, сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ баромад намуд.

Шараф Шерализода ҳозиринро бо стратегияи миллӣ дар самти мазкур, Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030), аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ки бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, шинос намуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Октябрь 13, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид