Намояндаи Тоҷикистон дар Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё иштирок намуд

Октябрь 29, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар пойтахти Беларус ҷаласаи пленарии Конференсияи III байналмилалии Минск оид ба амнияти АвруОсиё баргузор шуд, ки дар он муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар ҷаласа  иброз дошт, ки таҳкими эътимод, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии бисёрҷониба омили муҳим дар таъмини сулҳи пойдор ва суботи устувор дар фазои АвруОсиё ва дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад.

Фаррух Шарифзода ёдовар шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» ва ташаббуси эълони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба манфиати наслҳои оянда» дорои аҳамияти саривақтӣ ва фарогири ҷаҳонӣ мебошанд.

Инчунин таъкид гардид, ки ин ташаббусҳо ба муттаҳидсозии кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалӣ баҳри таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тақвияти амнияти глобалӣ ва пешбурди фарҳанги ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод равона шудаанд.

Баён шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд бо ҳамаи шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ омода мебошад ва минбаъд низ дар таҳкими суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ саҳми фаъол хоҳад гузошт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 29, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид