Қоҳир Расулзода бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо Валиаҳди Салтанати Негери Сембилани Малайзия Шоҳзода Тунку Алӣ Ризауддин ибни Муҳри мулоқот намуд.
Зимни мулоқот масоили густариши муносибатҳои ду мамлакат баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъдан, энергияи барқароршаванда ва сохтмон изҳори алоқамандӣ намуданд.
Пешниҳод карда шуд, ки масъалаи таъсиси фонду бонкҳои муштараки сармоягузорию тиҷоратӣ мавриди омӯзиш қарор ёбад.
Ҳамзамон мусоҳибон оид ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу тандурустӣ ва дорусозӣ табодули афкор намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд






