Оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар хизмати идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳони рақамӣ идоракунии давлатӣ бояд бештар ба шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва истифодаи васеи зеҳни сунъӣ такя намояд. Маҳз ҳамин омилҳо метавонанд заминаи боэътимоди рушди устувор ва таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат гарданд. Чунин иброз гардид зимни конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Моделҳо ва механизмҳои инноватсионии идоракунии давлатӣ дар шароити трансформатсия: рақобатпазирӣ, рақамикунонӣ ва мутобиқсозӣ», ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, конференсия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ва ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» гузаронида шуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш масъалаҳои нақши рақамикунонӣ дар самти идоракунии давлатӣ ва такмили хизматрасониҳои электронӣ, роҳҳои афзоиши рақобатпазирии миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодӣ, масъалаҳои амният ва ҳифзи маълумот дар шароити рақамикунонӣ, истифодаи самараноки технологияҳои рақамӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, имконияти ҳамгироии инноватсионӣ байни давлат ва бахши хусусӣ, таҷриба ва моделҳои нави идоракунии давлатӣ дар кишварҳои пешрафтаро баррасӣ намуданд.
Донишмандон ва мутахассисони соҳа мавзуъҳои матраҳшударо таҳлил намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва иқтисоди рақамии Тоҷикистон тавсияҳои илмӣ ва амалӣ пешниҳод карданд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин конференсияҳо барои таҳияи барномаҳои нави давлатӣ, ҳамоҳангсозии сиёсати инноватсионӣ ва таҳкими заминаҳои рақобатпазирии миллӣ аҳамияти муҳим доранд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад






