«ОМӮЗГОРӢ — КАСБИ ПУРИФТИХОР». Дар шаҳри Хуҷанд Рӯзи омӯзгорон таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши омӯзгорро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, пайваста таъкид менамоянд, ки «омӯзгорӣ касби пурифтихор мебошад». Ин нукта дар ҳамоиш тантанавӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон дар шаҳри Хуҷанд баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳамчунин дар ин рӯз ғолибони спартакидаи варзишӣ байни муассисаҳои таълимии вилоят қадрдонӣ гардиданд.
Иброз шуд, ки миллате, ки ба илму дониш ва фарҳангу маънавиёт арҷ мегузорад, миллати ояндадор ва тавоною соҳибтамаддун аст. Ниёгони бузурги миллати тоҷик дар масири таърихи бостонии халқамон ба омӯхтани илму маърифат ва касбу ҳунар таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути осори ҷовидона инсониятро ба роҳи фаро гирифтани илму дониш ҳамчун омили раҳоӣ аз нодонию ҷаҳолат ва расидан ба рушду тараққиёт ҳидоят намудаанд.
Дар ҳамоиш ба як зумра устодон ва фаъолони соҳа барои рушди соҳаи маориф, тарбияи насли наврас ва мусоидат ба иштироки шогирдон дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ нишони фахрии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Сипоснома тақдим гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






