«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамбардорони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамоиш бо мақсади тарбияи ҷавонон дар руҳияи худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, камолоти зеҳнию варзишии ҷавонони фаъол аз ҷониби Донишкадаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов доир карда шуд.
Пеш аз оғози ҳамоиш донишҷӯёни Донишкадаи варзиш ва тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо фаъолияти факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳо, муҳити фаъолият ва дастовардҳои ин донишгоҳ шинос шуданд.
Иброз гардид, ки варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели 2012 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд
Иттилоъ дода шуд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзишӣ танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Инчунин дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор гирифт.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон








Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид






