Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Темурмалик якчанд иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва обтаъминкуниро тариқи фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бунёди биноҳои таълимии иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, иншооти тандурустӣ ва хатти оби нӯшокӣ дар ноҳияи Темурмалик чор иншооти муҳимми иҷтимоию зербиноист, ки аз ҷониби Пешвои миллат тариқи фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.
Ин 4 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббӣ ва дастрасии мардум ба оби тоза заминаи мусоид мегузоранд.
Бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо тарҳу сифати хуб сохта шуда, барои дар шароити мусоид ба таҳсил фаро гирифтани хонандагони деҳаи Чавроқ бунёд ёфтааст.
10 синфхона барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз ба омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақш мегузорад.
Бинои дуюми иловагӣ бо ҳамон лоиҳа дар назди муассисаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 дар деҳаи Чашмаи деҳоти Гурдоварон сохта шуда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар заминаи рӯ ба беҳбудӣ овардани сатҳи зиндагии мардум ва пайваста зиёд шудани шумораи аҳолӣ, зарурати бунёди бинои иловагии таълимӣ дар ин деҳа ва дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон ба миён омада буд.
Ба ин хотир ба бунёди бинои таълимии иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 тасмим гирифта шуд.
Муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, ҳарорати синфхонаҳо муътадил нигоҳ дошта мешавад.
Дар ҳар ду бинои иловагӣ Маркази ташаккули барвақтии кӯдакон сохта шудааст, ки он пояи асосии рушди зеҳнӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдакро аз солҳои аввал мегузорад.
Машғулиятҳои махсуси таълимӣ ва омӯзишии кӯдакон бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ амалӣ шуда, онҳоро ба марҳилаи мактабӣ омода менамояд.
Дар идомаи ғамхории Ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи тиб шуъбаҳои таваллуд, бачагона, эҳё ва ҷарроҳии Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик таъмир ва бо номгӯи зиёди дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ ҷиҳозонида шуд.
Хизматрасониҳои тиббӣ ба сокинон аз ҷониби 40 табиб бо истифода аз муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот расонида мешавад.
Таъмир ва насби таҷҳизот дар Маркази саломатии ноҳияи Темурмалик бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби шарикони рушд амалӣ гардидааст.
Шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ, эҳё ва шуъбаи бачагона дар маҷмуъ барои қабули 100 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.
Ба ин муассисаи тандурустӣ аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим карда шуд, ки боиси сипосу қадрдонии кормандон ва мардум гардид.
Бунёди шабакаҳои нави обтаъминкунӣ дар ноҳияи Темурмалик аз ҷумлаи муҳимтарин иншоот буд, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфт.
Ду лоиҳаи марбут ба таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ аз ҷониби соҳибкори саховатпеша Ҳабибулло Сулаймонов амалӣ гардид.
Мардум аз норасоии об дар маркази маъмурии ноҳия — шаҳраки Баҳманрӯд, деҳоти Танобчӣ ва Гурдоварон, маҳаллаҳои Баҳодурон, Чашма, Заркамар, Гурондеҳ, Саидмуъминобод ва Танобчии боло солҳои зиёд азият мекашиданд.
Таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳсозии шароити зиндагии мардум акнун ба ҳалли ин масъала мусоидат намуд.
Рӯйи даст гирифтани иқдоми мазкур бозгӯи ҳамовозии сокинони ватандӯст бо сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, боиси дастрасии 30 ҳазор кас аз аҳолии ноҳияи Темурмалик ба ин неъмати бузург шуд.
Тасмим аст, ки ояндаи наздик боз 5 ҳазор сокинони деҳоти дурдасти ноҳия дар масофаҳои то 12 километр бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гарданд.
Об аз дарёи Сурхоб дар ҳавзи дорои ғунҷоиши 7 ҳазор метри мукааб захира шуда, аввал такшин мешавад. Оби ба ин тариқ софшуда боз бо истифода аз таҷҳизоти муосир аз чанд марҳилаи поксозӣ мегузарад ва аввал ба 8 махзани оби дар нуқтаҳои гуногун сохташуда ва аз онҳо ба хонаҳои мардум интиқол меёбад. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, пойгоҳҳои барқии обкашӣ иқтидор доранд, ки дар як шабонарӯз обкаширо то ба 4500 метри мукааб расонанд.
Барои истифодаи сариштакоронаи об дар ҳар хона ҳисобкунакҳо насб карда шудааст. Таъмири иншоот ва таҷҳизот, пардохти неруи барқ ва дигар хароҷоти пойгоҳҳои обкаширо соҳибкори ватанӣ бар дӯш гирифта, тасмим гирифтааст, ки маблағи аз ҳисоби истифодаи об ҷамъоваришударо дар дигар корҳои ободонӣ сарф намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Ҳабибулло Сулаймоновро намунаи хуби инсондӯстӣ ва нақш гузоштан дар пешрафти Ватан арзёбӣ намуда, ба масъулин дастур доданд, ки номаш ба мукофоти давлатӣ пешниҳод карда шавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






