Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаро ифтитоҳ намуданд

Октябрь 23, 2025 10:55

ДУШАНБЕ, 23.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва зиёда аз 50  километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази хизматрасонии сайёҳӣ аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхона, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва  4 ҳуҷраи дигари ёрирасон иборат мебошад.

Бинои мазкур дар канори роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо мақсади муаррифии имконияҳои сайёҳии ноҳия, ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохта шудааст.

Аснои шиносоӣ иттилоъ доданд, ки тарҳи  бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар дохили он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст ва  масоҳати умумии он 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин дар канори он ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст, ки барои сайёҳон имконият медиҳад, ба моҳидорӣ, қаиқронӣ ва ба сайру гашт машғул шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба масуълин барои  ҷалби бештари сайёҳон  ба кишвар, шоиста муаррифи намудани имконияҳои сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа дастуру супоришҳо доданд.

Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ бо зиёда аз 50  километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ки аз ҷониби соҳибкорони боҳиммату ватандӯст бунёд ва мумфарш гардидаанд, шинос шуданд.

Сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи миллӣ  — 35  — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат мебахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои ҳудуди шаҳраки Данғараи ноҳия навсозӣ ва канорҳои роҳ васеъ карда шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ  77 километр роҳҳои дигари деҳоти ноҳия мумфарш карда мешаванд.

Ҳоло зиёда аз 10 километр роҳҳои 3 кӯчаи марказӣ ва 4 деҳоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Восеъ, Кароматулло Қурбонов ва деҳаҳои Пушинг, Шар-Шар, Ғиҷовак ва Алиҷон мумфарш карда шудаанд.

Бунёд ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили деҳоти ноҳия имкон медиҳад, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва рафту омади сокинон ба дигар деҳот ва  маркази ноҳия дар ҳама фасли сол пурра таъмин карда шавад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар бунёду мумфаршнамоии роҳҳо шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ин ташаббусҳоро нишонаи возеҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан маънидод карданд.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ ёфтани маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияи Данғара 23.10.2025

Октябрь 23, 2025 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ғолибони озмуни «Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ» қадрдонӣ шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд