Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»

Октябрь 19, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷавҳари ахлоқии Меҳргон дар мисоли ғалабаи Фаридун бар Заҳҳоки золим, пирӯзии некӣ бар бадӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва дӯстӣ бар душманӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин хусус имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон изҳор намуданд.

Сарвари давлат дар идома илова намуданд, ки фалсафаи ин ҷашн инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ба ҳамдигар, сулҳпарварӣ, инсондӯстӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунад.

Дар робита ба ин, Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки соли  равон «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ дар ду ҷилд ба нашр расида, ҳоло ба ҳар як хонаводаи кишвар ба таври ройгон тақсим карда мешавад.

«Мақсад аз ин ташаббус тарғибу ташвиқи таърихи бостонӣ, худшиносии миллӣ ва боз ҳам боло бурдани сатҳи ватандӯстиву хештаншиносии мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонони кишвар мебошад», — иброз намуданд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки хонандаи ин шоҳасар бо мутолиаи он дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти ҷашнҳои миллии бостонӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти амиқ пайдо карда, аҳаммияти бузурги онҳоро дар таҳкими истиқлоли фарҳангӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ дарк менамояд.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 19, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд