Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

Октябрь 9, 2025 14:58

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадов барои иштирок дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар». 

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» доир мешавад.

Инчунин 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 9, 2025 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Теҳрон ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Президенти Сингапур бо сафири Тоҷикистон мулоқот намуд
Cафири Тоҷикистон ба Президенти Узбекистон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҳамлаи мусаллаҳона дар марз хабар дод
Тоҷикистон нишасти намояндагони доимии Осиёи Марказӣ дар СММ-ро баргузор намуд
Таҳти раисии намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи Шурои намояндагони доимии ИДМ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Муғулистон мулоқот намуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодиву иҷтимоӣ байни Тоҷикистону Корея баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Эрон доир шуд
Дар Боку ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон таҷлил карда шуд