Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст.
Ин иқдом бозгӯи гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” аз ҷониби соҳибкорон аст.
Иншооти мазкур дар деҳаи Ғарғара аввалин кӯдакистон буда, тарҳи миллӣ ва муосир дорад.
Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 350 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Таълими дӯстрӯякон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 парастори соҳибтахассус сурат мегирад.
Машғулияти кӯдакон бо истифода аз ранг, ҳарфу рақам, аломату нишонаҳо ва шаклҳои геометрӣ гузаронида мешавад.
Парасторон бо истифода аз ин шароит ва ташкили бозиҳои гуногун, омӯзиши суруд, рассомӣ ва машқҳои равонӣ қобилияти ҳалли масъалаҳо ва фикрронии кӯдаконро инкишоф медиҳанд.
Барои истироҳати кӯдакон ҳуҷраҳо бо рахти бароҳат, ҷевон ва бозичаҳои мутобиқ ба завқи онҳо таҷҳизонида шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити деҳот бунёд намудани кӯдакистони ҷавобгў ба талабот намунаи пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат фаъолияти боғчаҳо дар рушди зеҳну тафаккур, забон ва муошират, эҷодкорӣ, мутобиқ шудан ба муҳити омӯзиш ва омодагии кӯдакон ба давраи мактаб нақши муасир мегузорад. Масъалаҳои бунёд ва фаъолияти кӯдакистонҳо дар ҳама шаҳру деҳот, ки ба иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ нақш мегузорад, бештар таъкид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати мураббияҳо истифодаи дурусти шароити фароҳамшуда ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдаконро тақозо намуда, иҷрои дурусти ин рисолатро нишони дӯст доштани миллату давлат унвон карданд.
Барои бемушкилӣ сипарӣ намудани мавсими тирамоҳу зимистон ҳуҷраҳо бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, зиёда аз 100 тонна ангишт захира карда шудааст.
Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии дар саҳни ҳарду бино шинонидашуда ҳусни ин мавзеъи деҳаи Ғарғараро диданӣ ва афзун мекунад.
Ду иншооти ба зеҳну тафаккур заминагузор: Китобхона ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур», ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ифтитоҳ ёфтанд, ба таъсиси 37 ҷойи нави корӣ замина гузоштанд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд






