Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путинро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик намуда, таманниёти беҳтарину самимии худро иброз доштанд.
Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати мо саҳми шоёни назари муҳтарам Владимир Путинро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.
Сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи ин раванд истиқбол намуданд.
Ҳамзамон рӯзномаи мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаи сатҳи олӣ, ки дар Душанбе доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.








Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






