Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази деҳаи Пушинг бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ба истифода доданд.
Бинои мазкур дуошёна буда, аз 10 ҳуҷраи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошад. Иншоот дорои шароити мусоиди корӣ буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.
Бинои нави ҷамоат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Диловар Шарифзода дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Масоҳати умумии иншоот чор садяк замин буда, бо харҷи маблағҳои шахсии соҳибкор бунёд гардидааст. Ҳамчунин гирду атрофи он обод карда шуда, барои фаъолият ва қабули шаҳрвандон шароити муносиб муҳайё мебошад.
Зимни боздид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, баён доштанд, ки ин гуна иқдомҳои ватандӯстона нишонаи эҳсоси баланди масъулият ва саҳми арзандаи сокинон дар корҳои ободонии кишвар мебошанд.
Сарвари давлат масъулинро ба хизмати софдилона, истифодаи самараноки шароити муҳайёгардида ва татбиқи ҳамаҷонибаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушинг соли 2024 оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони маҳаллӣ бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои сохтмонии муосир анҷом ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки кормандони ҷамоат бояд аз ин имкониятҳои фароҳамгардида ба таври самаранок истифода бурда, ба иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, риояи пурраи қонунҳои амалкунанда ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи маҳал аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара бинои Муассисаи томактабии «Гулистон»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара чор гармхонаи хоҷагии деҳқонии Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандаи Пушинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара ба фаъолияти китобхона оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Ҷасур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара майдони варзишии болопӯшидаро ифтитоҳ намуданд






