Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи ноҳияи Данғара майдони варзишии болопӯшидаро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара сеюмин иншооти аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохташуда аст, ки дар ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт.
Иншоот барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, рамзи таваҷҷуҳ ба рушди ин навъи варзиш ва сарафрозии соҳибкорон аз ташаббус ва пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони рӯзи ҷаҳонии футбол аст, ки соли 2024 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 20 садяк замини бекорхобида бо паҳноии 22 метр ва дарозии 42 метр бунёд шудааст.
Иншоот бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ ҷавобгӯи талабот сохта шуда, ҳамчун макони баргузории бозиҳои дӯстона ва муттаҳидкунандаи ҷавонон хизмат менамояд.
Тарҳи майдони варзишӣ имкон медиҳад, ки бозиҳои футбол новобаста ба фасли сол ташкил ва баргузор шавад.
Дар шафати иншоот барои бозии волейбол ва дигар машқу тамрин шароит фароҳам оварда шудааст.
Ҳуҷраҳои ивазкунии либос, ҳаммом ва дигар инфрасохтори мавҷуд таваҷҷуҳи ҷавононро ба намудҳои гуногуни варзиш бештар намуда, дар ташаккули тарзи ҳаёти солим нақш мегузорад.
Ҳудуди майдони варзишии болопӯшидаро гулҳои рангин, буттаҳо ва дарахтони ороишву ҳамешасабз зиннат медиҳанд.
Сокинон имкон доранд, ки бозии дастаҳои футбол ва гулгашти ҳудуди онро хушу бароҳат тамошо намоянд. Барои ин дар паҳлӯи майдони варзишӣ нишастгоҳҳо насб карда шудааст.









Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд






