Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» доир мешавад.
Инчунин 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»










Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Шурои иҷроияи Ҳизби ҳокими Туркия мулоқот намуд
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёвари Вазири тиҷорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркманистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Австрия эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи директори генералии дафтари СММ дар Вена мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Мудири Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Конфронси 4-уми оби Душанбе даъват шуд
Дар Ню-Йорк нақши ташаббусҳои Тоҷикистон дар платформаҳои сиёсии ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Миср мулоқот намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии парасторон дар шаҳри Мадрид иштирок намуд
Дар Душанбе рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо Раиси Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд






