Прокуророни Тоҷикистон ва Узбекистон масоили мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккилро баррасӣ намуданд

Октябрь 21, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои фаромарзӣ ва муташаккил, аз қабили терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва киберҷиноятҳо 20 октябр дар шаҳри Душанбе зимни вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон Нигматилла Йулдошев баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вохӯрӣ дар доираи ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд.

Иброз гардид, ки ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Узбекистон ду давлати бародар, дӯст ва ҳамсоя буда, барои боз ҳам васеъ намудани ҳамкории дуҷонибаи мақомоти прокуратура тадбирҳои судманд меандешанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Узбекистон доир ба бозомӯзии касбӣ, баланд бардоштани тахассуси касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хусусан дар самти мубориза бар зидди киберҷиноятҳо изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Октябрь 21, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид