РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСИҚӢ. Забони мусиқӣ оламшумул буда, ба тарҷумон ниёз надорад

Октябрь 1, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 01.10.2025 /АМИТ «Ховар»/.   1 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мусиқӣ маҳсуб мешавад. Зеро савту сози мусиқӣ низ чун дигар дастовардҳои инсонӣ бо мурури замон ва гузашти айём пайдо шуда, рушд намудаанд. Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъҳои санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва шиносо шудани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад.

Тавре сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, санъати мусиқӣ-сарояндагӣ ва навозандагӣ олитарин санъатест, ки инсон барои худ офаридааст ва бо шунидани навозиши ҳар сози он маънии зиндагӣ ва дарки дунёи рангини афсонавӣ пеши назар пайдо мегардад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи мусиқӣ тамоми шароит ва имконият фароҳам оварда шудааст.

«Яке аз ташаббусҳои беназир дар ин замина баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» мебошад. Шаҳодати ин гуфтаҳо таваҷҷуҳ ва иштироки зиёди иштирокчиёни он мебошад. Дар соли аввали баргузории озмун -соли 2019  дар даври аввал 3852 нафар аз рӯйи панҷ номинатсия иштирок намуданд, имсол дар даври якум 6192 нафар довталаб иштирок кард», — иттилоъ дод Мирзоолим Саидов.

Маҳз таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии зиёди сокинон нисбат ба санъати мусиқӣ буд, ки Сарвари давлат дар соли ҳафтум маблағи онро барои ғолибони ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёд намуданд. Соли ҳафтум аст, ки дар мамлакат бо Амри Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Дар соли аввали баргузории ин озмун  барои гирандаи Шоҳҷоизаи озмун 50 000 сомонӣ, ҷойҳои якум — 30 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 20 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -15 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шуда буд. Дар соли аввали баргузории озмун танҳо як Шоҳҷоиза муайян гардида буд. Имсол барои ҳар номинатсия як Шоҳҷоиза (дар умум панҷ Шоҳҷоиза) ба  маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои якум — 70 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 50 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм -30 000 сомонӣ мукофоти пулӣ пешбинӣ шудааст.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум намоянд, гузаронида мешавад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар «Кохи Борбад» ба санъаткорони тоҷик иброз намуданд, «одаме, ки мусиқиро дӯст намедорад, инсони комил  нест».

Ба иттилои равоншиносон, мусиқӣ аз забони созе бархоста, баёни роз мекунад ва аз баёнаш руҳ оромиш мегирад. Созҳо ба ҳам омада, маънӣ меофаранд, тасалло мебахшанд ва инсон бо шунидани оҳанг ҳамдаму ҳамрози худро меёбад. Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад аст. Забони мусиқӣ ба тарҷумон ниёз надорад, аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маънӣ меофарад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусиқӣ ҳамчун воситаи тарбияи зебоипарастӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳои махсуси мусиқӣ, хонаҳои маданият ва коллеҷҳои фарҳанг таълим дода мешавад.

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 1, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати давлат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзанда дорад
Истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба ҳаҷми оби дарёҳо, шароити ҳаво ва дигар омилҳои табиӣ вобаста аст. Шарҳи коршинос дар ин маврид
ҒИЗОИ СОЛИМ. Челонро барои мубориза бо шамолхӯрӣ ва баланд бардоштани масуният тавсия медиҳанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сулфа нишонаи дигар бемориҳо низ мебошад
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
НОРАСОИИ НЕРУИ БАРҚ-МУШКИЛИИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ. Сабаби асосии он тағйироти иқлим ба ҳисоб меравад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ ВАҲДАТОФАР. Андешаҳои вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба таъсиси ҳизб
Панелҳои офтобӣ дар таъмини энергияи «сабз» чӣ аҳамият доранд?
Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2025-2030» татбиқ мегардад
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид