Сафири Тоҷикистон дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат дар Абу Забӣ иштирок намуд

Октябрь 11, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 11.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов дар Конгресси ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи табиат, ки аз ҷониби Иттиҳодияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи табиат (IUCN) дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зисти Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Абу Забӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, Конгресс нахустин маротиба  дар қаламрави кишварҳои Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷ доир гардида, аз 9 то 15 октябри соли 2025 идома меёбад.

Дар конгрес  беш аз 10 ҳазор иштирокчӣ — роҳбарони давлату ҳукуматҳо, сарвазирон, вазирон, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, ҳайатҳои дипломатии муқим, ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва соҳибкориву тиҷоратӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок  доранд.

Ҳадафи асосии ин ҳамоиши бузург — муайянсозии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҷомеаи байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи табиат, ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва тақвияти ҳамкорӣ  барои таъмини рушди устувор дар даҳсолаҳои оянда мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб

Октябрь 11, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард