Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд

Октябрь 10, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба намояндагони воситаҳои ахбори омма  иттилоъ дод, ки сарони давлатҳо қарорҳоро  дар бораи таъсиси қолаби нав  бо номи «ИДМ плюс» ва додани мақоми нозир ба Созмони ҳамкории Шанхай дар назди ИДМ имзо карданд.

Сироҷиддин Муҳриддин  изҳори итминон намуд, ки «ин тасмимҳо ба фаъолияти байналмилалии  Созмон мусоидат карда, обру ва намояндагии онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебаранд».

Иброз гардид, ки иштироккунандагони  ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои ИДМ  ба масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

«Дар соли раёсати Тоҷикистон марҳилаи дуюми Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодӣ мувофиқа ва қабул гардид. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи рушди саноати вазнини мошинсозӣ ба имзо расид, ки бо ташаббуси Тоҷикистон амалӣ гардид. Инчунин дар бахши энергетика дар доираи ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ Эъломия оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти энергетикии минтақа қабул гардид», — тазаккур дод Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки дар соҳаи нақлиёт бо ташаббуси Тоҷикистон «Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои аъзои ИДМ» таҳия карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 10, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд