ШАҲРИ ҶАҲОНИИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ. Панҷакент ба макони нотакрори сайёҳӣ ва ҳунари тоҷикон табдил меёбад

Октябрь 26, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, чанде пеш аз ҷониби «Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ» шаҳри Панҷакент расман «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» эътироф гардид. Ин иқдом баёнгари зарофати ҳунар ва анъанаҳои қадимаи сӯзанидӯзӣ аст, ки дар умқи таърихи шаҳри бостонии Панҷакент ҷойгир гардидааст.

— Панҷакент чун яке аз қадимтарин шаҳрҳои минтақа бо таърихи чандҳазорсолааш маҳалли тамаддун ва ҳунармандӣ будааст. Мероси фарҳангии он, аз ҷумла осори бостонӣ, фарҳангу таърих, анъанаҳои ҳунармандӣ шаҳодати равшани маданияти баланди шаҳрдорӣ ва рушди ин макон аст. Дар ин ҷо ҳамеша ҳунармандон – чирадастоне зиндагӣ ва фаъолият мекарданд, ки бо санъати дастӣ, зебоии табиӣ ва офаридаҳои худ маъруф ҳастанд. Ҳамин аст, ки ҳунарҳои дастии ҳунармандони ин минтақа сайёҳон ва сармоягузоронро бештар ҷалб намудаанд.

Соли равон дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзӣ ба истифода дода шуд, ки ба рушди сайёҳӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва фароҳам овардани ҷойи таълимӣ ва истироҳатӣ барои аҳолии ин шаҳр ва сайёҳон хизмат менамояд.

Дар ошёнаи якуми маҷмаа маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ ташкил гардида, 10 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои сайёҳон ва меҳмонон имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷикро фароҳам меорад. Дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо 14 ҷой барои қабули меҳмонон омода аст.

Шаҳри бостонии Панҷакент бо ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ, табиати нотакрор ва зарфияти бойи сайёҳӣ дар рушди сайёҳии Тоҷикистон нақши барҷаста дорад. Ин аст, ки барои дидани ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангии ин шаҳри қадимӣ, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Панҷакенти қадим, кӯҳҳои Фон, Кӯли Калон, Ҳафткӯл, пойгоҳҳои сайёҳии «Артуч» ва «Марғзор», Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абуабдулло Рӯдакӣ садҳо нафар ҷаҳонгардон ва сайёҳони дохилӣ меоянд.

— Саразм яке аз нахустин ёдгориҳои давраи ориёӣ ва намунаи беҳамтои ин тамаддун дар Суғд аст. Ин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин осори аҳди қадим таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 ёдгории Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон Мамнуъгоҳи таърихӣ — бостоншиносӣ эълон гардид.

Маҳз саъю талошҳои сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳқиқоти сершумори бостоншиносони дохиливу хориҷӣ ва ҳафриёт буд, ки созмони бонуфузи ҷаҳонӣ-ЮНЕСКО соли 2010 Саразмро ба рӯйхати нодиртарин ёдгориҳои фарҳангии умумибашарӣ дохил намуд.

Саразм бо бозёфтҳои нодир ва бо таваҷҷуҳи хоссаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим аз ҷойгоҳи намоён бархӯрдор аст. Ин аст, ки он ҳамасола мавриди таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони хориҷӣ қарор мегирад.

— «Ҳафткӯл» яке аз зеботарин мавзеъҳои шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо ҳафт кӯли рангорангаш сайёҳонро ҳайрон мекунад. Водии «Ҳафткӯл» маҷмуи кӯлҳое аст, ки ба ёдгориҳои беназири табиати Тоҷикистон дохил буда, яке аз дигаре болотар ҷойгир шуда, аз ҳамдигар зеботаранд. «Ҳафткӯл» бо номи кӯлҳои «Марғузорӣ» низ машҳур аст. Сабаби «Марғузор» ном гирифтани мавзеи Ҳафткӯл он аст, ки кӯли аз ҳама калонтарин дар ин ҷо «Марғзор» ном дорад. Кӯлҳои «Марғузорӣ» — «Мижгон», «Соя», «Ҳушёр», «Хурдак», «Нофин», «Марғзор» ва «Ҳазорчашма» силсиламонанд буда, тавассути водии фарохи дарёи Шинг ҷорӣ мешаванд.

Дар атрофи «Ҳафткӯл» барои сайёҳон бошишгоҳҳо бунёд карда шудаанд, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамоянд. То ба ин мавзеъ роҳи мошингард бунёд карда шудааст. Дар бисёр маврид сайёҳон бо нақлиёти сабукрав то «Ҳафткӯл» омада, аз ҳамин ҷо имкон доранд ба дигар хатсайрҳои сайёҳӣ, аз ҷумла тавассути ағбаи Товасанг ба «Кӯли калон», «Искандаркӯл» ва дигар самтҳо сафар намоянд.

Бахшида ба 35–солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар водии «Ҳафткӯл» бунёди 10 истироҳатгоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар баландии қисмати поёнии кӯли «Марғзор», ки табиати хеле нотакрор дорад, пойгоҳи сайёҳии «Марғузор» фаъолият менамояд, ки дар он биноҳои дуошёнаи шишагин сохта шудаанд. Ҳар сайёҳ ҳангоми тамошои зебоии кӯли «Марғзор» ва табиати нотакрору дилфиреб аз он ҳаловат мебарад. Дар пойгоҳи сайёҳӣ тамоми шароит барои сайёҳон фароҳам оварда шудааст.

— Кӯҳҳои Фон бо пиряхҳо ва қуллаҳои баланди худ барои сайёҳон ва дӯстдорони табиат ҷолиб мебошанд. Дар ин минтақа роҳҳои сайёҳӣ ва нуқтаҳои сайри кӯҳнавардӣ мавҷуданд, ки имконият медиҳанд сайёҳон аз манзараҳои нотакрор баҳра баранд.

— Кӯли калон яке аз зеботарин кӯлҳои Панҷакент ба шумор меравад, ки оби он шифобахш ва манзараҳои атрофи кӯҳӣ дилфиреб мебошанд.

— Ба ҳавзаи «Кӯли калон» кӯлҳои «Душоха», «Бибиҷаннат», «Сиёҳ» ва «Ҷангал» дохил мешаванд, ки бо оби пок, муҳити орому кӯҳӣ ва манзараҳои дилфиреби худ диққати сайёҳонро ҷалб мекунанд.

Рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таъсиси марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва бунёди пойгоҳҳои истироҳатӣ дар шаҳри Панҷакент барои сайёҳон шароити мусоиди саёҳат ва шиносоӣ бо фарҳанги тоҷиконро фароҳам овардааст. Имрӯз Панҷакент ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии мамлакат табдил ёфта, дар тарғиби мероси миллӣ ва ҷалби сайёҳон саҳми назаррас дорад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид