Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон байни кормандони академия ва ниҳодҳои тобеи он мусобиқаи шоҳмот ва дастхобонӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар мусобиқа иштирокчиён маҳорату донишашонро дар бозии шоҳмот нишон дода, барои ба даст овардани ҷойҳои намоён рақобати ҷолиб анҷом доданд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа таҳкими дӯстӣ, баланд бардоштани руҳияи ҳамкорӣ байни кормандон, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиши зеҳнӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои куҳанбунёди суннатии миллати тоҷик буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар баргузории ин ҷашни куҳан байни дӯстдорони варзиш мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бандкашӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ, футболбозӣ, шашкабозӣ, шоҳмотбозӣ баргузор карда мешаванд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






