Шурои Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ барои Тоҷикистон грант ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 22.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шурои Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ (GCERF) Стратегияи сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҷудо намудани грантҳо ба маблағи то 2 миллион доллари амрикоӣ тасдиқ намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.
Стратегияи чорсолаи сармоягузории Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ (GCERF) дар Тоҷикистон (солҳои 2025–2028) ба дастгирии барқарорсозӣ ва бозгашти шаҳрвандоне равона шудааст, ки аз минтақаҳои ҷангӣ бармегарданд.
Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба занон, кӯдакон ва пешгирии ифротгароии хушунатомез, махсусан байни ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва маҳкумшудагон дода мешавад.
Дар ин стратегия инчунин ниёзҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, роҳбарони динӣ, омӯзгорон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти маҳаллӣ, ки дар пешгирии ифротгароӣ ва ҳамгироии дарозмуддати баргаштагон нақши муҳим доранд, ба назар гирифта шудааст.
Барномаҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон, дар шаҳрҳои Панҷакент, Истаравшан ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд амалӣ карда мешаванд. Дар доираи ин стратегия Фонди мазкур нақша дорад давоми 48 моҳ то 4 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон сармоягузорӣ намояд.
Тақрибан 25 кишвар шарики Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ (GCERF) мебошанд. Тоҷикистон моҳи августи соли 2024 мамлакати шарики Фонди глобалии ҷалби ҷомеа ва устуворӣ (GCERF) гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






