СИТОРАИ ТОБНОК ДАР САМОИ СИНАМО. Офаридаҳои баландмазмун ба Бахтиёр Худойназаров шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид

Октябрь 18, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 18.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри  Душанбе бахшида ба фаъолияти эҷодии коргардони тоҷик Бахтиёр Худойназаров Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Синамои Шарқ ва нигоҳи нав» дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» баргузор шуд. Дар ин робита Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, собиқ Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон (солҳои 2015 — 2018) Маликшоҳ Неъматзода хотироти хешро аз суҳбату дидор  бо ин коргардони шинохтаи тоҷик  чунин баён намуд:

— Дар бораи Бахтиёр Худоназаров коргардон ва таҳиягари саршиноси тоҷик, ки дар замони хеле ҷавонӣ шуҳратёр гардид,  метавон соатҳо ёдовар шуду барномаҳои зиёд  таҳия кард. Ҳунару истеъдоди баланд, диди нав дар олами синамо ва завқи баланди эҷодӣ  Бахтиёрро на танҳо  дар  Тоҷикистон, балки  дар собиқ  Иттиҳоди Шуравӣ маъруф гардонид.  Шуҳрати ӯ марзҳоро убур намуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ номдор  шуд.

Бахтиёр Худоназаров  бо истеъдоди нодир ва филмҳои сазовораш чандин ҷоизаҳои кинофестивалҳои минтақавию байналмилалиро сазовор гардидааст. Ӯ соли 1992 узви киномотографистони Тоҷикистон гардида, ба узвияти  Иттифоқи киноматографистони Русия  ҳам пазируфта шуда буд.

Ин коргардони тозаэҷод  хатмкардаи факултаи режиссиёрии Донишгоҳи давлатии умумииттифоқии киномотографияи (ВГИК) –и   шаҳри  Москваи Русия   буда,  соли 1992 ба ҳайси рӯзноманигори телевизион ва радио,  баъдан дар киностудияи «Тоҷикфилм» фаъолият намудааст.

Филми авалинаш, ки «Бародар» ном дорад, соли 1991 ба экран баромадааст ва маҳз аз ҳамон замон  шуҳрати Бахтиёр ҳамчун таҳягари кино хеле боло рафт.

Бо тақозои касб Бахтиёр ба Русия рафт  ва  то охирин  лаҳзаҳои ҳаёт байни Русия  ва Олмон, яъне шаҳри Москва ва Берлин рафту омад  дошт.  Дар ҳар ду давлат  ӯ ба фаъолияти  коргардонӣ, ба офаридани филмҳои баландмазмун  машғул шуда,  муваффақиятҳои зиёд ба даст овард.  Дар ҳамон давлатҳо бештар  филмҳояш ба намоиш гузошта мешуданд ва ҳунарманди эътирофгардида буд.

Бахтиёр  Худоназаров бо  офаридаҳои мондагораш  дар  сатҳи ҷаҳонӣ  боиси ифтихори  халқи тоҷик гардида, дар  байни аҳли ҳунар ва мардум эътироф гардида буд.

Давраҳои ошноии мо ба лаҳзаҳои охири ҳаёти Бахтиёр рост омад.  Ман ба ҳайси Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон  (аз соли 2014 то соли 2018)  фаъолият доштаму  маълумот гирифтам, ки Бахтиёр дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Берлин бистарӣ аст.  Дарҳол суроғаи ӯро  пайдо  кардаму  барои аз наздик дидану бо  вазъи саломатиаш шинос  шудан  ба беморхона рафтам.  Пеш аз дидани Бахтиёр  бо духтурон   суҳбат кардаму   аз   ҷараёни табобат  пурсон шудам. Аз суҳбат бо онҳо  маълум гардид, ки вазъи саломатиаш  хуб нест.

Баъдан моро ба назди Бахтиёр бурданд. Ростӣ Бахтиёр Худоназарови номварро аз наздик надида будам.  Ҳамеша аз рӯи аксҳо, аз рӯи наворҳои филмҳо, саҳифаи интернетӣ ба қавле ба ӯ назар менамудам ва  як марди тануманд бо муйҳои дароз дар пушти сар партофта, як марди ҳузарбу хушқаду қоматро медидам. Вақте   вориди ҳуҷраи беморхона  гардидам, ростӣ Бахтиёрро нашинохтам. Зеро  аз  дард хеле  лоғар гашта буду  аз ӯ шаҳомату  танумандӣ қариб нишоне намонда буд.

Албатта чеҳра, ки чеҳраи ошно буд, мисли як дӯсти дерин  бо ӯ  салому алейк  ва аҳволпурсӣ карда,  худамро муаррифӣ  намудам. Ӯ хеле шод шуд, ки ман ба ҳайси Сафири Тоҷикистон  ба хабаргириаш омадам. Дар он лаҳзаҳо коргардонҳои рус, чеҳраҳои шинохта, актёрон ва кормандони санъату фарҳанг  ӯро хабар мегирифтанд,   аз Русия  ба аёдаташ меомаданд.

Баъд аз  аҳволпурсӣ, ҳангоми  суҳбат Бахтиёр   пурсон шуд, ки оё дар борааш  дар Тоҷикистон медонанд ва ӯро ҳамчун коргардон  мешиносанд? Ман дар посух гуфтам: «Бале,  Бахтиёр шуморо тамоми мардуми Тоҷикистон хуб мешиносад, филмҳои офаридаатонро тамошо мекунанду ба ҳунари волоятон баҳои баланд медиҳанд. Миллати тоҷик бо чунин фарзандони номбардораш ифтихор мекунад. Мардум дӯстатон медоранд, ёдатон мекунанд ва боиси ифтихори ҳар ҳамватан ҳастед».

Бахтиёр бо  иродаи қавӣ  кӯшиш мекард, ки ба ин бемории вазнин ғолиб биёяд ва бо умед мегуфт, ки «ман аз ҷоям бархезам, яъне сиҳат шавам,  ҳатман ба Тоҷикистон меравам ва нақшаи як филмеро бардоштан дорам».

Ман дар ҷавоб гуфтам, ки «дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  шуморо интизор ҳастанд ва ҳоло дар  ватанамон  барои  таҳияи  филмҳои сатҳи баланд имкони хуб фароҳам оварда шудааст.  Ҷумҳурии мо аз баракати сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо талошу заҳматҳои Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст,   ободу зебо ва пешрафта шудааст».

Ҳамин тариқ, суҳбати мо бо Бахтиёр хеле ширину хотирмон, пур аз самимият  гузашт.  Дар суҳбат  аз  сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, аз таваҷҷуҳашон ба фарҳангу  санъат, алалхусус ба киномотографияи тоҷик  ибрози андеша намудам. Ба ӯ дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кино», барномаҳо, стратегияҳои  қабулшуда, имкониятҳо васеи соҳаи филмофарӣ маълумот додам.

«Тоҷикфилм имрӯз имкони фарохи сабти филмҳоро дорад. Шумо  биёед, имкон мешавад, ки филми хубе ба навор бигиред, хеле хизмати содиқона  мешавад ба миллату давлат», -чунин таклиф кардам ба ӯ.  Бахтиёр пешниҳоди маро  бисёр хуб қабул кард ва гуфт, ки вақте ки дастгирӣ мешавад, имкону шароит бошад, ҳатман ба ватан меравад ва барои рушди соҳаи кинои миллӣ талош менамояд.

Мо зуд -зуд ба аёдати ӯ мерафтем ва аз аҳволаш хабардор мешудем, вале рӯз ба рӯз ҳолаташ  вазнинтар мешуд. Баъдан,  чораандешӣ кардем, ки пайвандонаш аз Тоҷикистон ҳам ба Олмон оянд, дар паҳлуяш бошанд.

21 апрели соли 2015 аз беморхона хабар  доданд, ки Бахтиёр аз дунё гузашт. Бо дархосту хоҳиши пайвандонаш мо ӯро дар оромгоҳи  Тегели шаҳри Берлин ба хок супоридем.

Дар  маросими дафнаш модараш, кормандони сафорат, аъзои ҷамъияти фарҳангии Тоҷикистону Олмон ва дӯстони марҳум иштирок доштанд. Кормандони сафорат ҳамеша аз оромгоҳи ӯ дидан мекунанд.

Барои овардани ҷасади ӯ ба Тоҷикистон тамоми чорраҳо андешида шуд, вале қарори пайвандонаш ҳамин буд, ки дар  Олмон дафн карда шавад.

Давраи шуҳрати Бахтиёр  ба давраи ҷавониаш рост меомад.  Ӯ дар синни 49 аз дунё гузашт. Дар ин синн  ҳам дар Русия ҳам дар Олмон хеле машҳур буд. Филмҳояш ба забони олмонӣ тарҷума шуда, ба намоиш гузошта мешуданд. Аз суҳбатҳо бо ӯ эҳсос мешуд, ки  меҳру самимияти зиёд  ба Тоҷикистони азиз дорад. Нақшаҳои зиёд дошт ва мехост дар ватани аҷдодиаш филмҳои нави бадеӣ офарад,  вале  умр вафо накард ва хеле бармаҳал  ин дунёро падруд гуфт.

Офаридаҳои Бахтиёрро дар ҳар куҷое намоиш медоданд, ғулғула меандохт. Ӯ аз аввалин филмаш – «Бародар» собит кард, ки ба зиндагиву ҷаҳон диди дигар дорад. Дар байни филмсозони давлатҳои собиқи Шуравӣ Бахтиёр Худойназаров яке аз маъруфтарин  чеҳра буд. Ӯ монанди уқоби баландпарвозе буд дар самои синамои ҷаҳонӣ.

Афсӯс, ки умри кӯтоҳ дид. Аммо дар зеҳни мардуми тоҷик номи Бахтиёр чун парчамбардори синамои миллӣ ҷовидона  боқӣ хоҳад монд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои Бахтиёр Худойназаровро бо Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994) ва Ордени «Шараф» (1999) қадрдонӣ намудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 18, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Борбад яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст»
Эмомалӣ Раҳмон: ««Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад»
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мероси таърихиву фарҳангиро шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик арзёбӣ намуданд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
Китобҳои «Масири сарнавишт» ва «Авсофи Пешво» муаррифӣ карда шуданд