«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 16.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистон бо ибтикори Фонди хайриявии «Музаффар» дар доираи лоиҳаи «Зиндагӣ бе саратон», ки аз соли 2022 дар миқёси ҷумҳурӣ амалӣ мегардад, иқдоми «Ғамхорӣ наздик аст» оғоз гардид. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Маркази тиббии «Диамед» барои ҳифз ва беҳдошти саломатии занони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Фонди хайриявии «Музаффар».
Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур фароҳам овардани имконияти муоинаи тиббии ройгон барои 201 нафар занон аз оилаҳои камбизоати шаҳраки Адрасмон, баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии онҳо ва пешгирии бемориҳои занона арзёбӣ гардид.
Сокинони деҳоти дурдаст аксар вақт бо сабаби дурии марказҳои хизматрасонии тиббӣ аз манзили зисташон, набудани дастгоҳҳои муосир барои ташхису табобат ва нарасидани вақту маблағ ба хизматрасониҳои тиббӣ дастрасии кофӣ надоранд. Аз ин рӯ, татбиқи чунин тарҳи иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки дар маҳалли зисташон ройгон аз ташхиси зарурӣ гузаранд.
Интизор меравад, ки ҳамаи 201 зан аз муоинаи ройгон гузашта, дар мавриди пайдо шудани зарурат аз тарафи мутахассисон барои назорати иловагӣ машваратҳои алоҳида мегиранд.
Ҳамзамон бо иштироки коршиносону мутахассисон аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекология ва перинатологии Тоҷикистон, Маркази саратоншиносии вилояти Суғд, Филиали Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» дар вилояти Суғд бо занон вохӯрӣ доир шуда, ба онҳо доир ба аҳамияти ташхисҳои саривақтӣ, роҳҳои пешгирии бемориҳои занона, хусусан саратони гарданаки бачадон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин ба аҳамияти иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Фонди хайриявии «Музаффар» дар амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани чорабинии иммунизатсияи оммавӣ бар зидди вируси папилломаи одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 июли соли 2025 тасдиқ шудааст, ҳамчун шарики боэътимоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол дорад. Зеро ин лоиҳа — иммунизатсия бар зидди вируси папилломаи одам бозгӯи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи саломатии устувори аҳолӣ, хусусан занон мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз










Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






