Таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
«Зеҳни сунъӣ имрӯз ба як падидаи ҷадид ва бисёр муҳими илми муосир табдил ёфта, пешрафти тамоми соҳаҳо ба он вобаста гардида истодааст. Аз ҳамин лиҳоз, дар асри XXI ва ҷаҳони нав наметавон ин падидаи техникиро сарфи назар намуд»,-таъкид гардид дар конференсия.
Тазаккур дода шуд, ки бо дарназардошти рушди устувори илму техника кишварҳои ҷаҳон барои амалӣ гардонидани низоми рақамии фаъолияти соҳаҳо талош намуда, барои осон кардани кор ва сарфаи вақт, самаранок кардани соҳаҳо аз технологияҳои нав, ба монанди зеҳнӣ сунъӣ истифода мебаранд.
Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, то соли 2030 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти ҷаҳонӣ дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ 14 дарсад ё худ 15,7 триллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амирико афзоиш меёбад. Ин афзоиш пеш аз ҳама, ба баланд гардидани ҳосилнокии меҳнат, афзоиши талаботи истеъмолӣ ва такмили раванди истеҳсолот вобаста мебошад.
Инчунин дар кори конференсия мутахассисон дар иртибот ба хатарҳо ва паёмадҳои эҳтимолии истифодаи зеҳни сунъӣ ва омилҳои таъсирасон ба маърифати насли наврас андешаҳои худро иброз намуда, онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди фоидаҳои зиёди истифодаи зеҳни сунъӣ, он метавонад боиси як қатор мушкилот ва хатарҳо гардад. Аз ҷумла, истифодаи он метавонад ба самтҳои ахлоқ ва фикрронӣ, равонӣ, маърифатӣ, иҷтимоӣ, амниятӣ ва махфият, педагогӣ, қонуниву ҳуқуқӣ ва инчунин ба паҳншавии маълумоти нодуруст хатар эҷод кунад.
«Воқеан бо вуҷуди омилҳои мусбати таъсиррасон, зеҳни сунъӣ метавонад ба ҳаёти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маърифатии инсон, хусусан насли наврас таъсири манфӣ низ расонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бояд ин техникаи навтаринро хуб омӯхт ва дар ҳаёти рӯзмарра, соҳаҳои гуногуни иқтисодию илмӣ истифода кард», – таъкид гардид дар конфронс.
Аз ин рӯ, баргузории чунин ҳамоишу конфронсҳо барои омӯзиш ва таҳлили амиқи равандҳои илмӣ метавонад таъсири худро гузорад.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






