ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 октябр, якшанбе, 299-умин рӯзи соли 2025 аст

Октябрь 26, 2025 08:00

26 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи вақти Қувваҳои марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Дэвид Петреусро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба корҳои башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал — Маътуқро ба ҳузур пазируфтанд.

***

26 октябри соли 2011 Клуби футболи «Регар-ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзода барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2011 гардид.

***

26 октябри соли 2019 дар Душанбе Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Шарқ-Ғарб: анъанаҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумии Авруосиё дар фазои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир гардид.

***

26 октябри соли 2021 дар Тоҷикистон таҳти унвони «Санъати ороишӣ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» конференсияи байналмилалӣ доир шуд

***

26 октябри соли 2022 ҳайати Тоҷикистон дар Нишасти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Форуми ҳамкории «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» иштирок намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2023 дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2023» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти зиёда аз 50 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд.

26 ОКТЯБР:

Дар Тоҷикистон-Рӯзи кормандони мақомоти судӣ.

***

Дар Русия-Рӯзи автомобилистон.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Давлатманд Холов – овозхон ва фалаксарои овозадори тоҷик, оҳангсози суннатӣ. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Октябрь 26, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд