ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Фарзанди шумо ба синфи якум рафт. Чӣ тавр бояд ба ӯ кумак расонд?

Октябрь 4, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Аз оғози соли нави хониш беш аз як моҳ сипарӣ гардид, вале баъзе наврасоне ҳастанд, ки аз ҷараёни донишомӯзӣ саркашӣ менамоянд ва ба омӯзиш ҳавасманд намешаванд. Махсусан, чунин мушкилӣ дар байни волидоне, ки фарзандонашон синфи якум мераванд, ба назар мерасад. Дар чунин ҳолат волидон ва омӯзгорон ба кӯдак чӣ тавр кумак карда метавонанд?

Тавре омӯзгори синфҳои ибтидоии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Кибриё Одинаева аз таҷрибаи бисёрсолаи худ иброз медорад, кӯдакони дар  муассисаҳои томактабӣ  ва марказҳои инкишофи кӯдак тарбияёфта аз кӯдакони дар хона тарбиягирифта аз ҷиҳати зеҳнӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар онҳо маҳорату малакаи сухандонӣ, ҳурмату эҳтироми калонсолон, фаъолияти хоси фикрӣ, ахлоқӣ ва зебоипарастӣ баръало ҳис мегардад. Ин ҳама беҳбудиҳо меҳнати омӯзгорони зинаи аввали таълимро осон намуда, сифати таълиму тарбияро дар синфи якум баланд мебардорад. Дар ҷараёни таълиму тарбия ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ зарур меояд, ки на танҳо ба 1-2 хонанда, балки бо аҳли синф муносибат намоянд. Омӯзгор бояд донад, ки ҳар хонанда аз ҳамдигар бо хусусияти равонӣ ва инфиродӣ фарқ мекунад. Ҳамчунин қобилияти маърифатӣ, шавқу ҳавас, майлу хоҳиши кӯдак рангоранг буда, ба кӯдак хислатҳои шахсӣ, қобилият, истеъдод, ҳиссиёту ирода, шавқу завқ ва маърифатнокии ӯ хос аст.

«Дар мактаб кӯдакон бояд доир ба қоидаҳои асосии рафтор дониш ҳосил намуда, онро дар рафтору гуфтори худ истифода намоянд. Қоидаҳои одобу рафтор бисёранд, аммо дар муддати кӯтоҳ бо ҳамаи онҳо шинос кардани кӯдак мушкил аст», -иброз медорад, омӯзгор.

Бинобар ин, Кибриё Одинаева зарур медонад, ки ба кӯдак на танҳо қоидаҳои рафтор омӯзонида шаванд, балки дар баробари он вобаста ба рафтори равонии ӯ, ки ба ин тартиботи нав чӣ гуна муносибат мекунад, аҳаммият бояд дод, яъне, дар асоси қоидаҳои пешакӣ маълум аст, ӯ чӣ кор бояд кунад, вале дар баробари ин, дар вазъияти нав (муҳити мактаб) тарзи дурусти рафторро ҳам омӯзонидан зарур аст. Ин масъала хеле мураккаб аст ва барои муваффақона ҳал намудани он иҷрои корҳои зерин зарур аст:

Масалан, ҳангоми кор бо кӯдак аз ӯ иҷро намудани қоидаҳои рафторро дар вазъияти гуногун омӯзондан зарур аст, аз ҷумла, дар мактаб, дар кӯча, дар бозору мағоза, дар муносибат бо калонсолон ва ғайра. Яъне, бо ин амал қоидаҳои хуби рафтор ҳатман такрор меёбанд, ки дар натиҷа, дар зеҳни ӯ ҷой мегиранд. Чунин амал барои он зарур аст, ки кӯдак дар шароити гуногун ба ҷо овардани қоидаи муайянро ёд мегирад. Дар хотир бояд дошт, ки барои кӯдаки хурдсол аз як вазъият ба вазъияти дигар гузаронидани фаҳму дониш аз лиҳози ҳиссиёт кори саҳл нест.

«Маданияти рафтор аз бисёр ҷиҳат бо қоидаҳои ахлоқ алоқаи зич дорад. Масалан, асоси бисёр қоидаҳои аниқи хушмуомилагӣ, бодиққатӣ, боадабӣ, боинтизомиро ҷараёни ахлоқии ҷомеаи мо — инсондӯстии иҷтимоӣ, дӯстӣ, рафоқат, дарки масъулият дар рафтору кирдор ташкил медиҳанд. Кӯдак ба фаҳмишҳои нав ва зарурати иҷрои қоидаҳои нав аз нуқтаи назари маънавӣ тадриҷан шуруъ мекунад. Ягонагии дониш, малака ва одат барои аз худ намудани ахлоқи ҳамида ташаккули сифатҳои муайяни шахс буда, сабаб мешаванд, ки барои ҳамеша хушмуомилагӣ ва боинтизомиро аз худ карда бошад», -мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Омӯзгор аз таҷрибаи худ ба волидон тавсия медиҳад, ки ба хонандаи синфи якум дар бораи аҳаммияти таҳсил ва чаро мактаб марҳалаи муҳимми ҳаёти ӯ мебошад, пешакӣ нақл кунанд ва мунтазам ёдрас кунанд, ки мактаб имкони хубест барои омӯхтани савод, пайдо кардани дӯстони нав ва фазои муҳиме дар ҳаёти ӯ. Ба саволҳои фарзандон дар бораи мактаб ва дарсҳо содаю фаҳмо бояд  ҷавоб гӯянд.

«Ба кӯдак дар бораи ҳаёти мактаб, чӣ тавр ташкил карда шудани дарс, кадом фанҳоро меомӯзанд, реҷаи рӯзро чӣ тавр сипарӣ мекунанд, нақл кунед. Масалан, бегоҳ дар вақти муайян ба хоб рафтан ва саҳарии барвақт аз хоб хестанро бо ӯ машқ кунед. Зеро ҳар қадаре, ки сари вақт мушкилиҳо паси сар шаванд, ҳамон қадар кӯдак дар хондан муваффақ мешавад».

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки агар робитаи мактаб бо оила беҳтар шавад ва волидон бо омӯзгори фарзандон мунтазам дар таммос бошанд, ҳам тарбияи хонанда ва ҳам дониши ӯ беҳтар мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 4, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи пайваст намудани муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба интернет баррасӣ шуд
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 148 медал гардиданд
72 оилаи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара бо манзили истиқоматӣ таъмин мегарданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб барои донишҷӯёни варзишгар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ Маркази таълимии «Иқтисоди сабз» таъсис дода шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
1 ноябр хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон раванди озмоишии модулҳои таълимии лоиҳаи Донишгоҳи кушодаи инноватсияҳо дар озуқаворӣ гузаронида шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва тарҷумашиносӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд