Тоҷикистон ҳамкориро бо UNECE дар соҳаи инноватсия ва иқтисоди рақамӣ тақвият медиҳад

Октябрь 15, 2025 09:17

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷанбаҳои асосии рушди ҳамкорӣ дар самтҳои инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар мулоқоти Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Агентӣ.

Ҷонибҳо ҳамзамон рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияҳои «сабз» барои рушди устуворро баррасӣ намуданд.

Татяна Молчан бо изҳори қаноатмандӣ аз дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва афзоиши иқтидори инноватсионии мамлакат аз омодагии UNECE барои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сухан гуфт.

Хуршед Мирзо изҳор дошт, ки Тоҷикистон омода аст бо UNECE дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва таҳияи сиёсати инноватсионӣ ҳамкорӣ намояд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 15, 2025 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад