То соли 2030 фаъолияти электросамокатҳо ва электроскутерҳо дар роҳҳои автомобилгарди Душанбе манъ мегардад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе фаъолияти электросамокатҳо, электроскутерҳо ва дигар воситаҳои сайёри инфиродӣ (ба истиснои воситаҳои инфиродии ба қайди давлатӣ гирифташуда) дар роҳҳои мошингард ва пиёдагарди ҳудуди шаҳри Душанбе, ба ғайр аз ҷойҳои махсуси муайяншуда то соли 2030 муваққатан манъ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Ин тадбир бо мақсади танзими фаъолияти бенизоми электросамокатҳо ва электроскутерҳо, коҳиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки онҳо, пешгирии халал ба ҳаракати муътадили нақлиёт ва пиёдагардон, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард қабул гардидааст. Татбиқи ин тасмим то фароҳам овардани шароити зарурии инфрасохторӣ идома хоҳад ёфт.
Дар ин замина аз шаҳрвандон, хусусан волидони ноболиғон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки фарзандонро бе назорат нагузоранд ва аз истифодаи воситаҳои манъшуда худдорӣ намоянд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 15 то 25 сентябр дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии «Тасмаи бехатарӣ» ва «Скутер» гузаронида шуд. Дар доираи ин амалиёт нисбат ба 1250 нафар барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ ва нисбат ба 60 ронандаи дучарха ва скутер бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






