Вакили Маҷлиси намояндагон дар Саммити минтақавии парлумонии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд

Октябрь 2, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Саммити минтақавии парлумонии кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ доир ба бемории сил, инчунин Конфронси байналмилалии «Осиёи Марказӣ озод аз бемории сил: аз дастовардҳои миллӣ то пешсафии минтақавӣ» баргузор гардид, ки дар он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҳамоиш вакилони парлумон, вазирони тандурустӣ ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шарикони «Стоп ТБ» ва дигар созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокчиён зимни ҳамоиш иҷрои Эъломияи сиёсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба бемории сил (2023) ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва инноватсияро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиён ҳамзамон зарурати густариши ташхиси саривақтӣ, дастрасӣ ба навоварӣ ва пурзӯр намудани дастгирии иҷтимоии беморонро иброз намуданд.

Иҷрои тавсияҳои ҳамоиши қаблан дар Тоҷикистон доиршуда, мутобиқсозии буҷети миллӣ ба коҳиши маблағгузории берунӣ, омодагӣ ба соли 2026 ва ҳамкории байнисоҳавӣ барои коҳиш додани хатарҳои марбут ба ин бемориҳо мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт.

Ҳамоиш платформаи калидӣ барои баррасии ҷараёни иҷрои Эъломияи сиёсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба бемории сил (2023), баррасии мушкилоти эпидемиологӣ дар Осиёи Марказӣ ва нақши вакилони парлумон дар таъмини маблағгузории устувор ва дастгирии қонунгузорӣ гардид.

Ҳамоиш бо қабули Қарори минтақавӣ оид ба суръат бахшидан ба мубориза бар зидди бемории сил барои солҳои 2026-2028 анҷом ёфт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 2, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд