Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид

Октябрь 10, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба  ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар мавзуи  «Ҳимояи рӯзноманигорон дар давраи низоъҳои ҳарбӣ» иштирок дорад. Дар конфронс масоили ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар давраи низоъҳои ҳарбӣ, мақоми онҳо тибқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалалии соҳавӣ ва дигар масоил мавриди баррасӣ  қарор дода шудаанд.

Дар доираи конфронс байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони давлати Қатар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни вохӯрии дуҷониба Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан қабули санадҳои стратегии мамлакат, қонунҳои соҳавӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт маълумот пешниҳод намуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки баъди ба имзо расидани санади ҳамкорӣ барои татбиқи минбаъдаи он ва ҳамкории муфид бо назардошти манфиатҳои ду давлат ҳамкориро тақвият мебахшанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 10, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст