Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар дар Конфронси сатҳи баланди байналмилалӣ дар мавзуи «Ҳимояи рӯзноманигорон дар давраи низоъҳои ҳарбӣ» иштирок дорад. Дар конфронс масоили ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон дар давраи низоъҳои ҳарбӣ, мақоми онҳо тибқи санадҳои ҳуқуқи байналмилалалии соҳавӣ ва дигар масоил мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.
Дар доираи конфронс байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони давлати Қатар Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Зимни вохӯрии дуҷониба Умед Бобозода оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон, хусусан қабули санадҳои стратегии мамлакат, қонунҳои соҳавӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар ин самт маълумот пешниҳод намуд.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки баъди ба имзо расидани санади ҳамкорӣ барои татбиқи минбаъдаи он ва ҳамкории муфид бо назардошти манфиатҳои ду давлат ҳамкориро тақвият мебахшанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






