ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ЛАТИФУ НАФИС ВА ГУВОРО. Ҷойгоҳи он дар таҳкими мафҳумҳои иқтисодӣ назаррас аст

ДУШАНБЕ, 04.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихори ҳар фарди Тоҷикистон аст, ки нахустин маротиба соли 1993 дар баландтарин минбари ҷаҳон- Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ бо забони тоҷикӣ садо дод ва ӌомеаи ҷаҳон бо ин забони латифу нафис ва гуворо паёми Сарвари давлати моро шунид. Чунин нигоштааст раиси Шурои олимони ҷавони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Иброҳимзода дар матлабаш ба унвони АМИТ «Ховар». Дар зер шакли пурраи мавод пешниҳод мегардад.
— Имсол мардуми Тоҷикистон 16-солагии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот ва тинҷию оромӣ бо дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ки натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, таҷлил менамоянд.
Хотирнишон месозем, ки мақому манзалати забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ дар моддаи 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври равшан ва возеҳ дарҷ гардидааст. Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самтҳои мамлакат ба назар мерасад, аммо дар мавриди тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ, инчунин дар роҳи тарғибу ташвиқи забони тоҷикӣ дар сатҳи байналмилалӣ низ хеле бузург мебошанд.
Хушбахтона, то имрӯз зимни суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид чандин маротиба забони ноби тоҷикӣ садо дода, Роҳбари давлати тоҷикон ба мардуми сайёра паём фиристодаанд. Дар ин суханрониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба мушкилоти умдаи инсоният ва роҳи ҳалли онҳо назари хешро баён месозанд, барои наҷоти аҳли башар ташаббусҳои глобалӣ ва доир ба пешгирии буҳронҳои маънавию ахлоқӣ, сиёсию иқтисодӣ ва экологӣ иқдоми мушаххас пешниҳод менамоянд, ки ҳамаи ин пешниҳод ва ташаббусҳо аз ҷониби аксар давлатҳои ҷаҳон мавриди дастгирӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Дар даврони рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ҳамгироии он ба низоми ҷаҳонии иқтисодӣ, аҳамияти забон ҳамчун воситаи таҳкими афкори иқтисодӣ ва ташаккули тафаккури иқтисодии ҷомеа афзун мегардад. Забони тоҷикӣ, ки пояи фарҳанги миллӣ ва шиносномаи давлатдорӣ ба шумор меравад, имрӯз бояд на танҳо воситаи муошират, балки абзори ташаккули мафҳумҳои иқтисодӣ бошад. Таҳкими истилоҳоти иқтисодӣ дар забони тоҷикӣ омили муҳими боло бурдани савияи дониш ва фаҳмиши иқтисодии шаҳрвандон мебошад.
Забон на танҳо воситаи гуфтор, ҳамчунин василаи интиқол ва таҳкими донишҳои касбӣ шуда метавонад. Мафҳумҳои иқтисодӣ ҳамчун бахши мураккаби илми иҷтимоӣ ниёз ба фаҳмиши амиқ ва дақиқ доранд. Вақте ки ин мафҳумҳо бо забони модарӣ, махсусан забони тоҷикӣ шарҳ дода шуда, ба ҷомеа пешниҳод мешаванд, имкони дар сатҳи васеъ дарк шудани онҳо зиёд мегардад. Масалан, истилоҳҳое, чун «инфлятсия», «бозори озод», «сармоягузорӣ», «бюҷет», «афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва монанди инҳо вақте бо шарҳ ва таъбири дуруст ба забони тоҷикӣ тарҷума ва тавзеҳ дода мешаванд, фаҳмиши онҳо барои шаҳрвандони одӣ низ имконпазир мегардад.
Имрӯз дар забони тоҷикӣ шумораи зиёди истилоҳоти иқтисодӣ мавҷуд аст, вале на ҳама вақт онҳо дақиқ ва ба таври ягона истифода мешаванд. Яке аз мушкилоти асосӣ набудани стандартизатсия ва истифодаи яксон дар воситаҳои ахбори омма, адабиёти илмӣ ва маводи омӯзишӣ мебошад. Бо вуҷуди ин имконияти васеъ барои рушд ва таҳкими ин бахш вуҷуд дорад:
Комиссияҳои истилоҳоти академӣ метавонанд истилоҳоти иқтисодиро муттаҳид ва ба низом дароранд;
Тарҷумаи китобҳои иқтисодӣ ба забони тоҷикӣ бо назардошти шароити миллӣ;
Истифодаи васеи истилоҳоти иқтисодӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои баланд бардоштани саводи иқтисодии омма;
Таҳияи луғатҳои соҳавӣ ва барномаҳои омӯзишии иқтисодӣ ба забони тоҷикӣ дар мактаб ва донишгоҳҳо.
Забони модарӣ воситаи нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аст. Вақте ки забони тоҷикӣ дар шарҳи мафҳумҳои мураккаби иқтисодӣ мақом пайдо мекунад, ин на танҳо ба болоравии маърифати иқтисодӣ, балки ба тақвияти мақоми забон дар ҷомеа низ мусоидат мекунад. Забон бояд на танҳо дар адабиёт ва шеъру сухан, балки дар илм ва технология, иқтисоду сиёсати давлатӣ низ фаъол бошад.
Забони тоҷикӣ дорои иқтидори кофӣ барои тавсифи мафҳумҳои иқтисодӣ мебошад. Барои таҳкими мавқеи он дар ин самт бояд сиёсати забонӣ ва иқтисодӣ ба таври ҳамоҳанг пеш бурда шавад. Таҳияи истилоҳоти дақиқ, омӯзиши иқтисод ба забони модарӣ ва боло бурдани маърифати иқтисодии ҷомеа омили муҳими рушди устувори миллӣ мебошанд. Забон агар ҷаҳони муосирро ба таври илмӣ ифода карда натавонад, тадриҷан аз майдони илму фарҳанг канор меравад. Аз ин рӯ, бояд барои рушди забони тоҷикӣ дар соҳаи иқтисод тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
АКС аз манбаъҳои боз/бойгонии муаллиф