ЗАБОНИ ТОҶИКӢ — ЗАБОНИ ШИРИНУ ШОИРОНА. Эҳдо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Ва ин сана расман Рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба ҷумлаи муқаддасоти миллӣ дохил шудааст.
Забони тоҷикӣ давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои пойдорӣ ва рушди устувори он пайваста тадбир меандешад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими забони давлатӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
— Забон муқаддастарин ва гаронбаҳотарин арзиши маънавии ҳар миллат аст. Забон на танҳо воситаи муошират, балки рукни асосии ҳастии миллат ва ҷавҳари фарҳангу тамаддуни он мебошад. Миллате, ки забони модарии худро ҳифз мекунад, таъриху фарҳанги худро низ ҳифз мекунад.
Мо, тоҷикон, бо забони ширину шоиронаи тоҷикӣ ифтихор дорем. Ин забон, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад, асрҳо боз дар саҳнаи адабиёт, илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ мавқеи хосса дорад. Аз суханони ҳакимонаю пурмаънии Рӯдакию Фирдавсӣ то осори безаволи Саъдию Ҳофиз ва Низомиву Ҷомӣ — забони тоҷикӣ на танҳо забони гуфтор, балки забони андеша, ахлоқ ва маърифат аст.
Забони тоҷикӣ чун гавҳари гаронбаҳо ва арзиши фарҳангии миллат роҳи тӯлонии таърихиро тай намудааст. Устод Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ «Тоҷикон» таъкид мекунад, ки ин забон дар ҷойи холӣ падид наомадааст, балки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва пайдоишаш ба асрҳои пеш аз милод мерасад.
Тибқи таҳқиқоти ӯ, таърихи забони тоҷикӣ на аз давраи истилои араб, балки аз асри VI пеш аз милод оғоз мешавад.
Забони имрӯзаи тоҷикӣ ба забонҳои ғарбиэронӣ мансуб аст ва асосаш ба лаҳҷаҳои ҷанубу ғарбии Эрон такя дорад. Он тадриҷан дар минтақаҳои шимол ва шимолу шарқи Осиёи Марказӣ густариш ёфт. Авҷи инкишофи забон ва ташаккули фарҳангу давлатдории тоҷикон дар замони Сомониён ба амал омад — давроне, ки забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, маркази асосии фарҳангиву илмии он шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд буданд.
Дар ҳамин давра забони тоҷикӣ забони илму адаб гардид. Шоирону донишмандони бузург — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва дигарон осори худро маҳз бо ин забон навиштанд. Ин забон ба яке аз забонҳои пешқадами замона табдил ёфт ва ҳатто дар дарбори сулолаҳои туркнажод — мисли Салҷуқиён ва Ғазнавиён мавқеи баланд дошт.
Бо мурури замон забони тоҷикӣ, ки бо лаҳҷаҳои мухталиф дар минтақаҳои гуногун гӯиш мешуд, васеъ паҳн гардид ва забонҳои қадимӣ, чун суғдӣ тадриҷан аз байн рафтанд. Забони суғдӣ, ки дар минтақаи Самарқанду Бухоро маъмул буд, фақат дар водии Яғноб боқӣ монд, ки имрӯз ҳам нишонаҳое аз он вуҷуд доранд.
Забони тоҷикӣ дар аҳди собиқи шуравӣ низ марҳилаҳои гуногуни мубориза барои ҳифзи мақом ва асолати худро паси сар кард. Қонуни аввалин дар бораи забони давлатӣ соли 1989 қабул шуд, вале бо сабабҳои сиёсӣ пурра амалӣ нагардид. Танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ заминаи воқеӣ барои рушди забон фароҳам омад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забонро ба сифати сутуни давлату миллат дониста, дар тамоми фаъолият барои тақвият ва ҳифзи он иқдоми муассир амалӣ намудаанд. Дар суханрониҳояшон пайваста иброз доштаанд, ки забони тоҷикӣ танҳо василаи муошират нест, балки рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ аст.
Соли 2009 Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар он забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шуда, барои дигар забонҳои қавмҳои сокини мамлакат низ истифодаи озод ва шароити рушд пешбинӣ шудааст.
Барои татбиқи амалии ин қонун «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» таҳия ва қабул гардид. Ин ҳама тадбирҳо бо ҳадафи ҳифзи асолат, рушди фарҳанг ва тақвияти ҳувияти миллӣ амалӣ мешаванд.
Забони тоҷикӣ имрӯз на танҳо василаи гуфтугӯи рӯзмарра, балки пули иртибот байни тамаддунҳост. Таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар беш аз 29 кишвари дунё ба кор бурда мешавад. Забоне, ки бо имконоти васеи калимасозию ибораофариниаш дар қатори пешсафони ҷаҳон қарор дорад ва неруи эҷоди зиёда аз 225 миллион калима ва вожаро дорост.
Ин омор худ нишонгари қудрат, зебоӣ ва нодирии забони тоҷикӣ мебошад — як забони бостонӣ, ки садсолаҳо фарҳанги моро ҳифз кардаву ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.
Нахустин қадамҳои пойдории забон бо осори бузургоне, чун Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров гузошта шуданд. Онҳо таъриху адабиёти миллати тоҷикро ҳамчун сарвати гаронбаҳо ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд. Ва имрӯз ин рисолатро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо масъулият ва меҳри хосса идома медиҳанд.
Бо талошҳои пайваста ва пуштибонии Пешвои миллат забони тоҷикӣ на танҳо ҳифз ва рушд ёфт, балки аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид бо лаҳни равону самимӣ садо дод. Ин дастоварди таърихист, ки мақому манзалати забони миллиро дар миқёси ҷаҳон баланд мебардорад.
Забони мо имрӯз на танҳо мероси гузашта аст, балки шиносномаи ифтихории миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Вақте дар бораи забони миллат сухан меравад, сухан аз масъулияти ҳар яки мо низ меравад. Ҳифзу гиромидошти забони давлатӣ вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар тоҷик аст. Забон танҳо бо қонунҳо ва қарорҳо зинда намемонад — забонро амали ҳаррӯзаи мо зинда нигоҳ медорад. Аз хонаю кӯдакистон сар карда, то мактабу донишгоҳ ва ҷойи кору идора – дар ҳар ҷо бояд забони тоҷикӣ бо эҳтиром ва муҳаббат истифода гардад.
Мутаассифона, имрӯз баъзан дида мешавад, ки бархе аз ҷавонон ба истифодаи калимаҳои бегона майл мекунанд ва забони модариро бо лафзҳои ғалат истифода мебаранд. Ин хатар аст — хатаре, ки метавонад оҳиста-оҳиста решаҳои маънавии моро суст намояд. Мо бояд бедор бошем. Забон танҳо як васила нест. Забон шахсияти миллӣ, ҳастии маънавӣ ва пойдории фарҳанги мост.
Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз намудаанд, ки «забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бояд дар тамоми соҳаҳо мавриди истифода қарор гирад». Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ барои рушди забон ва баланд бардоштани мақоми он заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овардааст.
Мо бояд забони модарии худро дӯст дорем, онро биомӯзем, поку беолоиш нигаҳ дорем ва ба насли оянда бо ифтихор супорем. Зеро ҳар миллате, ки забони худро гум мекунад, дер ё зуд худ низ аз байн меравад.
Пас, забон ҳастии мост, решаи пойдории миллат ва пули робита дар байни гузашта, имрӯз ва фардо мебошад. Ҳар гоҳ забони худро гиромӣ дорем, миллатамон пойдор мемонад.
Ба таври умум метавон гуфт, ки забон решаи миллат аст. Миллате, ки забон дорад, асолат ва ҳувият дорад. Забон миллатро зинда медорад ва миллат забонро. Ин ду омил аз ҳам ҷудо намешаванд.
Танҳо бо забони модарӣ мо метавонем асли хешро бишносем, фарҳанги хешро биомӯзем ва дар ояндаи миллат саҳм гузорем.
Фирӯзҷон ҒАФФОРОВ,
муовини ректор оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
АКС аз муаллиф