Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи умумии солонаи аъзоёни Шабакаи байниидоравии Камден иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 03.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29-31 октябр ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори агентӣ Сулаймон Султонзода дар ҷаласаи умумии солонаи аъзои Шабакаи байниидоравии Камден, ки дар шаҳри Гаагаи Шоҳигарии Нидерланд баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод маркази матбуотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур аз тарафи Полиси Иттиҳоди Аврупо «Европол» ташкил карда шуда, дар кори он намояндагон аз 54 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои дунё иштирок намуд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ масъалаҳои марбут вобаста ба фаъолияти шабакаҳои байниидоравии баргардонидани дороиҳо, роҳҳои муосири мубориза бо пулшӯии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, механизмҳои баргардонидани дороиҳои ҷиноятӣ бо истифода аз имкониятҳои шабака, инчунин роҳҳои пешгирии дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд таъкид намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Шабакаи байниидоравӣ оид ба баргардонидани дороиҳо дар Осиёи Ғарбӣ ва Марказӣ буда, аз моҳи майи соли 2025 мақоми раисиро дар Шабакаи мазкур ба уҳда дорад.
Зимнан, дар рафти баргузории чорабинӣ аз тарафи директори Агентӣ Сулаймон Султонзода вобаста ба фаъолияти Шабака дар соли ҷорӣ, натиҷаҳои ноилгашта ва дурнамоии фаъолияти он барои соли оянда гузориш пешниҳод гардид.
Таъкид гардид, ки фаъолияти шабака дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ёфта, дар ин муддат вазифаҳои дар назди он вогузоршуда сари вақт ва пурра иҷро гардида, дар ин ҷода наҷиҳои дилхоҳ ба даст оварда шудаанд.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






