Ҳамкорӣ дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия баррасӣ гардид

Ноябрь 15, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷалби сармояи ширкат барои бунёди неругоҳҳои бодию офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ин масоил зимни мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Президенти ширкати «ACWA Power» дар Осиёи Марказӣ Абид Малик матраҳ карда шуд.

Вазир ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои то соли 2027 ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ тавассути бунёди иқтидори нави энергетикӣ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия иброз дошт.

Ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва таҳияи механизми мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи лоиҳаҳои нав изҳори омодагӣ карданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 15, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад