Ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил гардиданд

Ноябрь 15, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки кормандони намояндагӣ, ҳамватанони муқими Беларус ва донишҷӯёни тоҷик маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода оид ба таърихи қабули Конститутсия дар даврони соҳибистиқлолӣ, аҳамияти он дар рушди давлатдории миллӣ ва нақши калидии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сулҳу суботи комил, ваҳдату ҳамбастагӣ ва пешрафти минбаъдаи мамлакат сухан гуфт.

Бахтовар Сафарзода иброз намуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар санаҳои муқаддаси миллӣ ифодаи ифтихор, худшиносии миллӣ ва эҳтироми мардуми ватандӯсти тоҷик ба арзишҳои давлатӣ мебошад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

 

Ноябрь 15, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард