Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин парчамро 25 ноябри соли 1992 Раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсида, дар назди он сари таъзим фуруд оварда буданд. Парчаме, ки таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, дар экспозитсияи толори «Даврони Истиқлоли давлатӣ»-и Осорхонаи миллӣ ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ карда мешавад. Ин матоъ барои миллати мо ёдгории нодир маҳсуб мешавад.
Тавре дар хотираҳои рассом Зуҳур Ҳабибуллоев омадааст, «ин парчам дар Комбинати абрешими шаҳри Хуҷанд омода гардидааст. Онҳо аз соати 4-и бегоҳ то 3-и саҳар бо бофандагон ва ҳунармандони ин Комбинат нахустин парчамро омода намуданд ва 25 ноябр он ба толори Қасри Арбоб ворид карда шуда, Раиси Шурои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои Шурои Олӣ ин Парчами давлатиро бӯса намуда, бо он савганд ёд намуданд».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Парчами давлатӣ бо камоли эҳтирому эътиқод чунин иброз доштаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдори муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Набояд фаромӯш намуд, ки муҳаббат ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимии мо ба Ватан-Модар, миллату давлат ва ифтихор аз онҳо ҷузъи муҳимми рисолати ватандӯстдорию ватансозӣ ба ҳисоб меравад».
Аввалин маротиба баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шурои Олии мамлакат комисияи корӣ таъсис ёфта, оид ба қабули Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ қарор қабул мегардад.
То санаи қабули Нишон ва Парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда мешавад, ки роҳбарии онро академик Муҳаммад Осимӣ ба уҳда мегирад. Кори комиссия ба таври пӯшида ҷараён мегирад. Ба озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешниҳод шуда буд, ки ҳар кадоми онро комиссия мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамин тавр, комиссия лоиҳаи Парчами давлатиро, ки аз ҷониби рассомон Зуҳур Ҳабибуллоев ва Александр Заневский пешниҳод гардида буд, интихоб мекунад.
Рассом Зуҳур Ҳабибуллоев дар хотираҳои худ навиштааст, ки «ҳангоми омода намудан ва тарҳрезии парчам мо аз маслиҳат ва машварати олимони соҳаи фарҳангшиносӣ, аз қабили Лариса Додхудоева, Н. Игнатушина ва М. Сайдалиев истифода намудем».
Сипас аввалин парчам 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар ҳамон иҷлосия «Қарор оид ба Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қарор оид ба Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд, ки дар асоси онҳо ба моддаҳои 169 ва 170 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳама халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад».
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон аввалин парчаме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд, ҳифз гардидааст. Андозаи парчами аввалин 145 ба 85 сантиметр мебошад. Ин парчам бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 2007 дар рӯзҳои таҷлили 15-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.
Рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон рамз ва решаҳои қадимии суннатӣ доранд. Ранги сурх рамзи мубориза, шуҷоат, шараф ва ҷоннисорӣ дар роҳи меҳан, сарзамин, мардум, идеяҳои олӣ; ранги сафед рамзи руҳи тавоно, покӣ, муқаддасот ва хушбахтӣ; ранги сабз рамзи зиндагӣ, ҷавонӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Тоҷ рамзи истиқлолу озодии мамлакат мебошад.
Тавре академик Муҳаммад Осимӣ дар муаррифии тарҳи Парчами давлатӣ 24 ноябри соли 1992 гуфта буд, «ҳафт ситора- ин рамзи ҳафт макони таърихии зебоманзари ватанамон ба ҳисоб меравад, яъне Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон».
Парчами давлатии мамлакат симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Парчам на танҳо рамзи давлатдорию ифтихори миллӣ, балки рамзи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, андешаву асолати миллӣ, пирӯзию сарфарозӣ ва ҳувияти миллии мардуми тамаддунофарамон маҳсуб мешавад. Парчам ҳамчун ахтари тобон раҳнамо ва ҳидоятгар ба сӯи фардо ва ояндаи дурахшон аст.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»









САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






