Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст

Ноябрь 15, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тадбирҳои пешгирии гепатити вируси «А» сода, одӣ ва барои ҳама дастрас аст: риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, шустани дастҳо пеш аз хӯрдани таом, пас аз қазои ҳоҷат, анҷоми кор, сайругашт дар ҳавои тоза. Инчунин, сабзавот, меваҷот, кабудиҳоро дар ҷараёни оби равон шуста, танҳо оби ҷӯшонидашударо нӯшидан лозим аст. Ҳамчунин, манзилҳоеро, ки дар онҳо шахсони зиёд фаъолият доранд (хонаҳо, ҷои кор, биноҳои ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳҳо, мавзеъҳои коммуналӣ ва истеҳсолӣ), тоза нигоҳ доштан зарур аст. Набояд фаромӯш кард, ки чунин амалҳои одӣ метавонанд саломатии моро аз хавфи сироятёбӣ ба вируси гепатити «А» эмин нигоҳ доранд. Чунин тавсия додааст  муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии №14»-и шаҳри Душанбе  Эргаш Раҳимов ба сокинони мамлакат. Дар зер матни пурраи мақолаи мазкур пешниҳод мегардад.

         -Солҳои охир афзоиши бемории вируси гепатити «А» дар байни кӯдакон ва наврасон ба мушоҳида мерасад. Азбаски вируси мазкур мавсимӣ мебошад, нуқтаи авҷи он ба моҳҳои аввали хониш, яъне аз сентябр то охири ноябр, рост меояд. Волидайнро зарур аст, ки дар ин марҳила хеле эҳтиёткор бошанд, зеро пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобат осонтар ва арзон аст.

Вируси гепатити «А» бемории шадиди сироятӣ буда, бо расонидани осеби аввалия ба ҷигар ҷараён мегирад ва аз як шахс ба шахси дигар бо роҳи тамосию маишӣ низ (ғизохӯрӣ) интиқол меёбад. Вируси гепатити «А» нисбат ба дигар гепатитҳои вирусӣ одатан хеле сабук ҷараён гирифта, ба хурӯҷи фарояндаи музмин тамоюл надорад. Омили ангезандаи гепатит вирусе мебошад, ки ба гурӯҳи вирусҳои рӯда мансуб аст. Вируси мазкур дар муҳити беруна тобовар буда, дар ҳарорати 400 С муддати чанд рӯз боқӣ мемонад, аммо ҳангоми ҷӯшондан вирус пас аз 15 дақиқа мефавтад.

Манбаи сирояти вирус шахси бемор мебошад. Аз шахси бемор вирус, асосан, тариқи наҷосат ҷудо мешавад, тавассути пешоб камтар.

Вирус ба организми инсон ба воситаи дастҳои ношуста ва ё ҳангоми хӯрдани ғизо, сабзавот, меваҷот ворид мешавад. Воридшавии вирус ба организми одами солим ба таври ноаён, дар давраи ниҳонӣ, (инкубатсионӣ), аз 14 то 35 рӯз давом меёбад. Баъд аз давраи ниҳонӣ аломатҳои саршавии беморӣ ба таври зерин оғоз меёбад: ҳарорати бадан афзоиш меёбад, дарди сар пайдо мешавад, иштиҳо коҳиш меёбад, бемадорӣ, дилбеҳузурӣ ва қай кардан мушоҳида карда мешаванд.

Вируси гепатити «А» метавонад дар шакли зардча, яъне бо зуҳуроти ранги зард аз чашмҳо ва илтиҳоби пӯст, ҷараён ёбад. Аз ин вирус, пеш аз ҳама, ҷигар осеб мебинад. Ин ба эҳсоси вазнинӣ дар зерқабурғаи рост ва калоншавии ҳаҷми ҷигар ҳангоми палмосидани зерқабурғаи рост мушоҳида карда мешавад.

Вируси гепатити «А» пеш аз зоҳиршавии зардпарвин дар наҷосати бемор хеле зудтар, яъне пеш аз давраи гирифторшавӣ ба зардпарвин, ба мушоҳида мерасад. Аз ҳамин лиҳоз, дар ин давра беморон барои атрофиёни худ хатарафзоянд. Баробари пайдошавии давраи зардии ранги пардаи чашм ва илтиҳоби пӯст паҳншавии вирус башиддат коҳиш меёбад ва манбаи сирояти он зуд паст мешавад. Аз ҳама бештар беморони гирифтори гепатит бидуни шакли зардпарвин хатарноканд, зеро дар онҳо аломати асосии фарқкунандаи гепатит, яъне зардпарвин, вуҷуд надорад, аммо ҷудошавии вирус идома меёбад.

Бояд донист ва дар ёд дошт, ки бемори ба ҳар шакли вируси гепатити «А» гирифтор манбаи сироят ба атрофиёни худ шуда метавонад. Азбаски вируси гепатити «А» гузаранда аст, ҳангоми мулоқот бо бемор бояд қоидаҳои бехатарию муҳофизатиро риоя кард. Вирус ба воситаи зарфҳои хӯрок интиқол меёбад, инчунин, дар дигар ашёи рӯзгор — дастаи дар, калид ва ғайра боқӣ мемонанд. Беморон ҳатман пас аз қазои ҳоҷат бояд дастони худро бо собун шӯянд. Зарфи хӯроки бемор бояд алоҳида бошад, дигар ашёҳои ошхонаро дар об ҷӯшонда ва ё ба воситаҳои зиддиуфунатӣ бояд безарар кард.

Тадбирҳои пешгирии гепатити вируси «А» сода, одӣ ва барои ҳама дастрас аст: риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, шустани дастҳо пеш аз хӯрдани таом, пас аз қазои ҳоҷат, анҷоми кор, сайругашт дар ҳавои тоза. Инчунин, сабзавот, меваҷот, кабудиҳоро дар ҷараёни оби равон шуста, танҳо оби ҷӯшонидашударо нӯшидан лозим аст. Ҳамчунин, манзилҳоеро, ки дар онҳо шахсони зиёд фаъолият доранд (хонаҳо, ҷои кор, биноҳои ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳҳо, мавзеъҳои коммуналӣ ва истеҳсолӣ), тоза нигоҳ доштан зарур аст. Набояд фаромӯш кард, ки чунин амалҳои одӣ метавонанд саломатии моро аз хавфи сироятёбӣ ба вируси гепатити «А» эмин нигоҳ доранд.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 15, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон