Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд

Ноябрь 2, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 02.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова таҳти унвони «Хосият Махсумова–омӯзгори соҳибмактаб» ҳамоиши илмӣ-маърифатӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад олимону пайвандон, дӯстону шогирдони Хосият Махсумова аз саҳми бузурги ӯ дар рушди илму маорифи ҷумҳурӣ ва таълиму тарбияи шогирдон ёдовар шуданд.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси Хосият Махсумова дар Омӯзишгоҳи педагогӣ шуъбаи мусиқӣ кушода шуд, ки барои мактабҳо ва муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ муаллимони суруд ва мусиқӣ тайёр карда мешуд.

Хосият Махсумова аввалин тоҷикдухтаре буд, ки мактабро бо баҳои аъло ва аввалин тоҷикдухтаре гардид, ки факултети физикаю математикаи Институти педагогӣ ба номи Шевченкоро хатм намуд.

Таъкид шуд, ки Хосият Махсумова касби пуршарафи омӯзгориро пеша намуда, дар назди худ вазифа гузошт, ки дар тарбияи насли наврас ва омӯзгорони оянда саҳми назаррас гузорад.

Хосият Махсумова яке аз аввалин духтарони тоҷик буд, ки аз таъсисёбии омӯзишгоҳ дар он ҷо ба сифати омӯзгор фаъолият намуда, солҳои 1964-1981 сарварии ин муассисаи таълимиро ба уҳда доштанд.

Гуфта шуд, ки Коллеҷи омӯзгорӣ махзани илму маърифат буда, дар зарфи 65 сол ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи маориф машғул мебошад. Он аз нахустин муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ буда, соли 1999 дар баъзаи Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Н.К.Крупская таъсис ёфтааст.

Аз ҷониби давлат ва ҳукумат Хосият Махсумова бо унвону мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуда, соли 2014 Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи ӯ гузошта шуд.

Дар ҷамъомад китоби тозанашри «Сарнавишти зани сазовор», ки ба ҳаёт ва фаъолияти Хосият Махсумова ва таъсиси коллеҷ бахшида шудааст, ба иштирокчиён тақдим гардид.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид