Бахшида ба Рӯзи Президент дар деҳаи Андарбаки ноҳияи Ванҷ толори муосири варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Андарбаки Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ толори варзишии замонавӣ, ки бо маблағи 480 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад.
Дар ифтитоҳи толори варзишӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавӣ гардонидани варзиш, амалинамоии барномаву стратегияҳои давлатӣ дар ин самт дар минтақаҳои дурдасти вилоят бунёди иншооти варзишӣ дар назар дошта шуда, ҳоло кор дар ин самт идома дорад.
«Дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат наврасону ҷавононро зарур аст, аз ҳарвақта бештар ба варзиш машғул шуда, бо дастовардҳои намоён номи давлату миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд»,-таъкид намуд Раиси вилоят.
Ёдовар мешавем, ки 25 июни соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Убари даргови деҳоти Маҳмадулло Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ толори варзишӣ ифтитоҳ гардид. Дар он инфрасохтор барои ба машқу тамрин фаро гирифтани дӯстдорони варзиш муҳайё гардидааст.
Бояд гуфт, ки айни замон дар ноҳияи Ванҷ беш аз 40 иншоот, аз ҷумла толорҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш ҷалб шудаанд. Ҳамасола варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, бо дастовардҳои назаррас ба Ватан бармегарданд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад






