БАРНОМАИ МАҚСАДНОКИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ИЛМҲОИ РИЁЗӢ, ДАҚИҚ ВА ТАБИӢ. Доир ба он муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд

Ноябрь 28, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 28.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо иштироки   муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ дар асоси нақшаи кории кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон доир ба иҷрои «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025»  муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва инчунин рушди фанҳои дақиқу фароҳамоварии шароити зарурии таълимиро дар саросари мамлакат таъкид менамоянд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин давра силсилаи стратегия ва барномаю консепсияҳои миллӣ ба хотири рушд ва ислоҳоти соҳаҳои илму маориф қабул шуда, мавриди амал қарор гирифтаанд. Ин барои беҳтар намудани фаъолияти олимону омӯзгорон ва ҷалбу рушди истеъдодҳои ҷавон шароити мусоид фароҳам оварда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсил такони ҷиддӣ бахшид.

Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин инкишофи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд. Дар робита ба ин ҳамасола таҳти сарпарастии Сарвари давлат  Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» доир карда мешавад.

Ба тасвиб расидани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон аз 30 апрели соли 2021  Дар бораи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» идомаи татбиқи ҳадафҳои Роҳбари давлат ба шумор меравад.

Дар интиҳо аз рӯи масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул карда шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 

 

Ноябрь 28, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид