Дар Абу Забӣ ҳамкории академияҳои Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Абу Забӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов бо роҳбари Академияи Рабдони Амороти Муттаҳидаи Араб Ҷеймс Энтони Морс доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аҳаммияти тавсеаи ҳамкорӣ байни академияҳои ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Аморотро ҷиҳати бозомӯзӣ ва тақвияти малакаҳои касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зурур шумориданд.
Инчунин дар ҷараёнӣ вохӯрӣ доир ба ҷалби шаҳрвандон барои таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва курсҳои кутоҳмуддати бисёрсоҳавӣ, ташкили чорабиниҳои муштараки илмӣ ва амалӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб








Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард






