Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба таҷдид ва рушди фарҳанги миллӣ машварати илмӣ баргузор шуд

Ноябрь 27, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи  «Таҷдид ва рушди фарҳанги миллӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ» машварати илмӣ-назариявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар машварат масъалаҳои эҳёи фарҳанги миллӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ, фарҳанги забони давлатӣ, фарҳанги меъморию шаҳрсозӣ аз давраи гузашта то замони Истиқлоли давлатӣ, санадҳои танзимкунандаи соҳаи фарҳанг, танзими ҷашну маросим ҳамчун унсури муҳими фарҳанг, нақши Пешвои миллат дар таҷдид ва рушди фарҳанги миллӣ, нақши асари «Чеҳраҳои мондагор» – и Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар худшиносии миллию фарҳангии ҷомеа ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни муколама иштирокчиён оид ба аҳамияти омӯзиши илмию амалии сиёсати фарҳангии давлатӣ дар таҳкими давлати миллӣ ва ҳифзи суботи ҷомеа ибрози андеша намуданд.

Аз ҷониби иштирокчиён барои беҳтарсозии сиёсати фарҳангӣ, густариши фаъолияти маърифатӣ-миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ тавсияҳои илмӣ-амалӣ пешниҳод гардиданд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 27, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид