Дар Академияи идоракунии давлатӣ Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд

Ноябрь 5, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия – ганҷинаи гаронбаҳои низоми ҳуқуқии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар»  аз ин академия хабар доданд, дар кори конференсия зиёда аз 35 маъруза, ки фарогирандаи муҳимтарин ва мубрамтарин паҳлуҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, шунида шуданд.

Чорабинӣ бо ташаббуси факултети ҳуқуқшиносӣ доир шуда, нақши Конститутсияи Тоҷикистон дар инкишофи қонунгузории миллӣ, эътироф ва риояи ҳуқуқи инсон ва болобурди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баланд арзёбӣ гардид.

Иброз гардид, ки имрӯз мо бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақти дигар дида бештар  эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Зимни баррасии мавзуъҳо аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ баён гардид.

Инчунин дар конференсия китоби дарсии «Ҳуқуқи конститутсионии мамлакатҳои хориҷа»,  ки аз ҷониби устодони факултети ҳуқуқшиносии академия омода шудааст, рунамоӣ гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 5, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд