Дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён муассисаи нави томактабӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён боз як муассисаи нави томактабӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён хабар медиҳад.
Дар ин ноҳия 9 кӯдакистон ва як Муассисаи томактабии хусусии «Садаф» дар деҳоти Заргар фаъолият дорад, ки онҳо дар фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 таъкид гардидааст: «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».
Бояд гуфт, ки дар доираи амалишавии «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» то соли 2027 дар ҷумҳурӣ фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ ба 33 фоиз расонида мешавад. Тибқи нақшаи Барнома, соҳибкорон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастгирӣ меёбанд, то имконият пайдо намоянд, ки муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ таъсис диҳанд.
Тибқи иттилои масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён, дар 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, як Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва як Гимназияи ноҳия 61753 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Бо мақсади бартараф намудани мушкили норасоии ҷойи нишаст дар мактабҳо дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад. Аз ҷумла, соли равон дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 38, 41 ва 44-и ноҳия биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Хонандагони ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» ва олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳар сол шогирдони мактабҳои рақами 1, 10, 17, 26, 39, 70, 71-и ноҳия дар озмуну олимпиадаҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида, бо мукофотҳо бармегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2025 дар қаламрави кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои беш аз 94 ҳазор ҷойи нишаст идома дошта, то охири сол зиёда аз 200 бинои навбунёд бо тамоми шароити зарурӣ ба истифода дода мешавад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад






