Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Аз мероси Куруши Кабир то сиёсати Пешвои миллат» баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 07.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ташаббуси факултети ҳуқуқ ва гумруки донишгоҳ ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Аз мероси Куруши Кабир то сиёсати Пешвои миллат» баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд, ҳамоиши мазкур ба ифтихори қабули қатъномаи муҳими таърихӣ дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» бахшида шуд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ Исломбек Зоирзода таъкид намуд, ки баргузории чунин чорабинӣ ҳамовозии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
Таъкид гардид, ки қабули қатъномаи мазкур дар ЮНЕСКО бо иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон далели возеҳи эътирофи саҳми миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарист. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои созандааш дар арсаи байналмилалӣ арзишҳои сулҳу адолат, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва ҳамзистии фарҳангҳоро идома ва такмил медиҳанд, ки он идомаи мантиқии рисолати башардӯстонаи Куруши Кабир маҳсуб меёбад.
Сипас, дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён бо маърӯзаҳои илмии худ доир ба паҳлуҳои гуногуни Эъломияи Куруши Кабир, ҷойгоҳи он дар таърихи ҳуқуқи инсон ва робитаи он бо сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат суханронӣ карданд. Дар баромадҳо таъкид гардид, ки Эъломияи Куруши Кабир яке аз нахустин ҳуҷҷатҳои таърихии ҳуқуқи инсон ба шумор рафта, сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи Пешвои миллат идомаи анъанаҳои қадимаи фарҳанги тоҷик мебошад.
Инчунин таъкид гардид, ки қабули қатъномаи ЮНЕСКО «Устувонаи Куруш» на танҳо рӯйдоди таърихии ҷаҳонӣ, балки барои миллати тоҷик ифтихори фарҳангӣ ва рамзи саҳми созандаи Тоҷикистон дар ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ мебошад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






