Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчами миллӣ – рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон» ҳамоиш гузаронида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш доир ба аҳамияти Парчами давлатӣ иброз намуданд, ки он ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, воситаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстии ҳар шаҳрванди мамлакат хизмат мекунад.
«Парчами давлатии мо рамзи ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ва умед ба фардои ободи халқи Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад. Он миллатро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят менамояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихии ҳар фарзанд ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад», — баён гардид дар ҳамоиш.
Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ҷалб менамояд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз таърихи куҳани парчамсозию парчамдории тоҷикон буда, исботи он аст, ки гузаштагони мо- қавмҳои ориёию Куруши Кабир ва Коваи бузург соҳиби парчам буданд. Парчами давлатӣ нишони азму иродаи устувори мардум барои ободонии ин сарзамини аҷдодӣ мебошад.
Баргузории чунин ҳамоишҳо дар тарбияи худшиносии шаҳрвандӣ ва эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






